ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОНӢ НИСБАТИ ҶАМЪОМАДИ ХЕШОВАНДОНИ КАБИРӢ

Ташкил кардани митингу намоиш дар давлати хориҷа ин нишонаи пасти шуури ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом дарак медиҳад.

Зеро ташкили митингу ё ҷамъомади як хонаводаи ифротӣ дар  хориҷи кишвар  ва аз номи миллати тоҷик истифода бурда сухан гуфтани онҳо на ба қонун ва одаму одамгарӣ рост меояд. Роҳбарияти наҳзат, ки имрӯзҳо бо аҳли хешону муридонаш дар Аврупо камин гирифтаанд худро кӣ ва чӣ хаёл мекарда бошанд. Дигар ТЭТ ҲНИ дар ҷомеа обруву нуфуз надорад. Баъди ошӯби соли 2015 халқи тоҷик аз пир то ҷавон ҳама аз наҳзату Кабирӣ дасту дилашанро шустанд.

Таърих чунин мақолеро исбот намудааст, ки бори каҷ ба манзилаш нахоҳад расид. Ҳар як иштирокчии ҷамъомади хешовандони Кабирӣ, ки дар шаҳри Берлин митинг ташкил мекунанд, рўзе пушаймон хоҳанд шуд. Халқи тоҷик худ дар ёд дорад, ки ҳеҷ як гурўҳи наметавонад сулҳи моро аз байн барад. Имрўз бошад ин фарзандон ҳамчун хоинони миллат ба ҳисоб мераванд.

Аҳли устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/