ТАҚЛИДИ БЕҶО ЧӢ ЛОЗИМ!

Имрӯзҳо мутобиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми омўзгорони донишгоҳи мо ҷиҳати аз байн бурдани раванди бегонапарастӣ дар байни занон ва бонувоне, ки рӯ ба тақлиди беҷо овардаанд, суҳбатҳо анҷом медиҳад.

Ҳангоми чунин суҳбатҳо маълум мегардад, ки сабабҳои рӯ овардани иддае аз занону духтарони мо ба либоси бегона агар аз як тараф тақлидкорӣ ва аз ҷониби дигар маҷбурсозӣ мебошад. Таъсири манфии фарҳанги бегонапарастӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ, тамошои кинофилму сурудҳои туркиву арабӣ маҳсуб меёбад.

Бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ноҷо ба андешаи мо, боз ҳам боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ дар ниҳоди ҷавонону наврасон ва шаҳрвандони мо бағоят муҳим аст. Зарур аст, барои мардону занон ва ҷавонону духтарон ҳарчи бештар намунаҳои беҳтарин ва шинаму замонавии либосҳои миллӣ тарғиб намоем ва моҳияту мазмуни ин либосҳоро фаҳмонем. То ки занону духтарони мо байни либоси миллӣ ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта тавонанд. Зеро сатру ҳиҷоб на моли мобудаву на хоси фарҳангии мост. Бархе аз занону модарон, ки ҳамон сатруҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд, на худогоҳанду на хештаншинос. Қабл аз ҳама, аз арзишҳои фарҳанги миллии хеш бехабаранд.

Дар муассисаҳои таълимӣ барои омаду рафти хонандагону донишҷўён аз тарафи Вазорати маориф ва или Ҷумҳурии Тоҷикистон сару либоси тавсиявӣ муқаррар карда шудааст.  Аммо ба мушоҳида мерасад, ки бархе аз хонандагону донишҷўён боз сару либосҳои фарҳанги ба мо бегона ба бар карда ба мактабу донишгоҳ моеянд. Баробари ин тамоми омўзгорони кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишҷўён ва умуман ҷавонон, занону мардон бояд донанд, ки  фарҳанги либоспӯшӣ  низ махсусиятҳои худро дошта, он дар рушду инкишофи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори милии инсон нақши муҳим мебозад. Либос ё пӯшок на танҳо талаботи ҷисмонии одамро қонеъ месозад, балки он як навъ арзишу моҳияти маънавӣ ҳам дорад. Либос дар тинати одам эҳсоси зебоипарастӣ, озодагию хулқу рафтори ҳамидаро ҷой намуда, инсонро ҳушдор месозад, то хушбину хушрафтор бошад. Либос  нишондиҳандаи сатҳи маърифат ва дараҷаи камолоти одам аст. Либоспӯшӣ санъат аст, ки қоида ва нозукиҳои худро доро буда, пӯшида тавонистани он ҳунар аст. Маъмулан, одам ҳама вақт банавгонӣ, дигаргунӣ ва мӯди нав майл дорад, вале одоби пӯшидани либос бояд фаромӯш нашавад ва одам ба кадом халқу миллат мансуб будани худро набояд фаромӯш созад. Либос, пеш аз ҳама, таҷассумгари симои миллии ҳар қавму миллат аст.

Вобаста аз ин қайд, намудан ҷоиз аст, ки дар шароити муосир ба тафаккури ҷавонону наврасони моақидаҳои ифротии ТЭТ ҲНИ таъсири манфӣ мерасонад ва бо ҳар баҳонаю найрангбозиҳои худ барои ба роҳи бегонапарстӣ моил гардидани занону духтарон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аммо мо бояд кўшиш намоем, то мардуми ба фарҳанги мо либоси миллии худро ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллати тоҷик ва асоси ҳуввияти миллӣ ҳаматарафа тарғибу ташвиқ намоянд.

Ҷӯраева М.С. – кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерӣ ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/