ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МЕНЕҶМЕНТ НИСБАТИ ТАЗОҲУРОТИ ТЭТ ҲНИ ВА КАБИРӢ

Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи созмони ифротӣ ба ҳисоб рафта, аз аввали ташкилёбиаш то кунун дар байни ҷомеа идеологияи тундгароии худро паҳн менамояд. Баҳри расидан ба мақсади сиёҳи худ дини исломро ниқоб намудааст.

Баъди нокомӣ дар интихобот ва шикасти ошӯби сентябрии наҳзатиён боис гашт, ки ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва ташкилоти ифротӣ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон абадул абад гум шаванд. Бо қарори Додгоҳи олии мамлакат ТЭТ ҲНИ созмони ифротӣ эълон гардид. Мутаассифона аъзоёну роҳбарияти гурезаи наҳзат аз амалҳои худ хулосаи зарурӣ нагирифта, аз хонаи хоҷаи худ хабарҳои бардурӯғро паҳн менамоянд.

Аз ҷумла бо ташкили ҳар гуна тазоҳуроту митингбозиҳо обрӯву эътибори миллати моро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ коста мегардонад. Наҳзатиёни хоин шарм накарда худро аз миллати мо унвон медиҳанд. Лек намедонанд, ки террорист ва экстремист миллат, мазҳаб, дин ва Ватан надорад.

Шаъну шарафе, ки имрӯз миллати мо дар ҷаҳон дорад, то  ба дараҷае ҳаст, ки он ногуфтанист. Аммо хоинони миллат назди созмонҳои Аврупо баромад намуда, шаъну шарафи миллати моро бо аъмоли хиёнаткорона ва фосиқонаашон паст мезананд. Вале боз нашармида худро канор мегиранду бегуноҳ меҳисобанд ва бори маломатро ба давлату Ҳукумат бор мекунанд.

Имрӯз раҳбарият ва аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки пайваста аз номи сокинони кишвар худро ҳамчун ҳаводорони ҷомеаи озоду демократӣ нишон медиҳанд, танҳо ба хотири худро сафед кардан ва ҳақиқатро пинҳон доштан аст.  ТЭТ ҲНИ иғвоангез аст ва мардумро ба ҷангу балво тела медиҳад.  

Аз ҳамаи шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меовардам, ки ҳеҷ гоҳ ба ақидаҳои ботили аъзоёни наҳзатиён бовар накунем!

Аҳли устодони кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/