СИЁСАТИ СОЗАНДА

Асосгузори сулҳу ваҳдат  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат, ҳифзи истиқлолияту миллат ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳбистиқлол саҳми беназир доранд.

ХОИНОНРО ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ИНТИЗОР АСТ!

Тоҷикону тоҷикистониён имрӯз шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар мекунанд ва давлату ҳукумат қудрате дорад, ки ҳар гуна ҳаракатҳоеро, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид менамояд аз байн бубаранд.

ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСӢ НИСБАТИ САФСАТАБОЗИҲОИ АХБОР.КОМ

Чанде қабл дар яке аз сомонаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти хабарнигор ва муассиси сомонаи “Ахбор.ком” Мирзои Салимпур шиносоӣ пайдо намудем. Лозим ба қайд аст, ки номбурда тавассути ҳар гуна хабарҳои бардурўғ ба обрўву эътибори мардуми тоҷики иснод оварда дар сомонаи ифротиаш бар имиҷи давлат ва обӯи мардум иснод оварда истодааст. Бешубҳа ў миёни хабарнигорон чун «изҳоротпарокан» машҳур будааст. Бар замми ин ў дону нодон лақаббофӣ мекунад ва дурӯғ мегӯяд.

ПОЙДОРИИ МО АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Ваҳдати миллӣ — беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии тоҷику тоҷикистонӣ дар ин замину замон аст.

ТАРҒИБОТИ СИЁҲИ ХОИНОН

Тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри бештар пойдор намудани сулҳу субот ва амнияти миллӣ нигаронида шуда, дар ин самт дастовардҳо ҳам  ба чашм аён аст, мутассифона бархе аз афроди нохалафи ҷомеа бо ҳадафҳои нопоки худ мехоҳанд, садди ин пешравию шукуфоии диёр бошанд.

ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ КОНСТИТУТСИОНӢ НИСБАТИ БОФТАКОРИҲОИ КАБИРӢ

Вақте  сухан дар бораи ҷавонмардӣ меравад, дар зеҳни инсон саволу ҷавобҳои гуногун ҳувайдо мешавад. Оё чи гуна шахсро ё ҷавонмардро ҳақиқӣ гуфтан мумкин аст ва чи гунаашро ноҷавонмард?

НАЙРАНГҲОИ КӮҲНАИ ИФРОТИЁН

Дар расонаҳои иҷтимоӣ ба монанди “Фейсбук” ва “Ютуб” гурӯҳҳои ифротгароии ТЭТ ҲНИ  ҳодисаҳои майда – чударо ёфта ба он овозаҳои баланд медиҳанд ва дар тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд ва роҳбарони кишвар ва давлатмонро сиёҳ арданӣ мешаванд.

ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ СИСТЕМАҲОИ АХБОРОТӢ-ҲИСОББАРОРӢ НИСБАТИ ИҒВОАНГЕЗИИ ХОИНОН

Имрўз раванди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардуми кишвар дар пайравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафта исдодааст ва хоҳад рафт. Осудагӣ дар ҷомеаи муосир танҳо бо роҳи ба муросоандохтани қувваҳои мухталифи ҷомеа ба даст омаданаш мумкин аст. Маҳз чунин осудагиву осоиштагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гуфтушунидҳои тўлонӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифони кишвар соли 1997 ба даст омада, он боис гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ пойдор  шавад.

ВАСВАСАҲОИ МУЛЛО КАБИРӢ

Дар замони муосир, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмўи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ғояҳои созандаро тақозо менамоянд.  Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

КОРҲОИ ТАРҒИБОТИРО ДУЧАНД БОЯД КАРД!

Aз рaсoнaҳoи хaбaрӣ вa сoмoнaҳoи интeрнeтӣ  дидa мeшaвaд, ки дaр ҳaқиқaт барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мақомоти марбутаи давлати мо кoрҳoи назарасеро иҷрo намудаанд.

http://www.zoofirma.ru/