Ҳизби наҳзати ислом ва таъсири манфии он ба ҷомеа

Аз некӣ то бадӣ, аз созандагиву бунёдкорӣ то харобсозӣ, аз ишқу муҳаббат то хиёнату мазаммат, аз дӯстӣ то душманиву беадолатӣ, аз ватандорӣ то беватанӣ як қадам роҳ асту халос. Мутаассифона аксарият мардуми ҷаҳон ва аз он ҷумла ҳамватанони мо, хусусан ҷавонон имрӯзҳо ҳамаи инро дарк накарда, пайгиру дастгирӣ ин ҳизби ифротгару вайронсоз ва террористӣ ҳастанд.

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳое, ки тамоми ҷомеаро ба ташвиш ва даҳшат овардааст, ин шомилшавии бовусъати ҷомеа ба ҳизбҳое, ки дар номаш калимаи Ислом ҷой гирифтааст ва паҳншавии босуръати терроризму экстремизм ва зиёдшавии гурӯҳҳои ифротгаро мебошад, ки ҲНИТ низ аз қабили чунин ҳизбҳо ба шумор меравад. Чуноне ки ба хамагон маълум аст, ҲНИТ имрӯзҳо ҳамчун ҳизби экстремистӣ-террористӣ ва вайронсозу ифротгар муайян карда шудааст. Таърих ва фаъолияти ҲНИТ низ ҳаминро шаҳодат медиҳад, ки аз ибтидо то имрӯз равияи мазкур хусусияти террористиву ифротгароӣ дошта, худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳамин тарзу мазмун муаррифӣ низ намудааст.

ҲНИТ ҳамчун ҳизби исломӣ соли 1990 таъсис дода шуда буд ва то соли 2015 он ҳамчун ягона ҳизби исломии бақайдгирифташуда дар Осиёи Миёна ва умуман мамлакатҳои ИҶШС ба шумор мерафт. Асосгузор ва сарвари ҳизби мазкур дар солҳои 1993-2006 Саид Абдулло Нурӣ буда, ӯ яке аз сиёсатмадорони шинохта дар муҳит ва ҷомеаи иҳотакардаи худ ба ҳисоб мерафт. Саид Абдулло Нурӣ яке аз тарафдорони фаъоли ба давлати Исломӣ мубаддал намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ нуқтаҳои назари худро кушоду равшан ба одамон баён намуда, ҳанӯз солҳои 70-ум бо мақсадҳои ғаразноки худ ташкилоти исломиёни ҷавонро бо номи «Назҳати исломӣ» дар Қурғонтеппа ташкил намуда буд, ки он пинҳонӣ фаъолият мебурд. Онҳо дар чорабиниҳои маҳаллӣ ва маъракаҳои анъанавӣ дар ҳамон солҳо одамонро ҷамъ намуда, ба ғайр аз ҳадафу мақсадҳои ғаразноки худро баён намудан бо танқиду талқини ҳокимияту давлат ва давлатдорӣ машғул буданд, ки дар натиҷа чӣ қадар одамони роҳгумкарда, хонахаробу хонавайрон намуданд. Инчунин дар охирҳои солҳои 80-ум чӣ қадар роҳгумкардагону одамони шомил ба ин ҳизб ва фаъолони ҲНИТ ҳабз карда шуда буданд.

Ҳамаи амалиётҳои ғайриқонунии ҲНИТ ва тарафдорони он танҳо бо мақсади аз нав дар мамлакат оғоз кардани ҷанги шаҳрвандиву бародаркушӣ, сарнагун ва барҳам додани давлати соҳибистиқлолу дунявии тоҷик, аз байн бурдани ваҳдату ягонагии давлату миллат ва барпо кардани давлати Исломӣ буд, ки дар натиҷа ба маҳдуд кардани озодии тоҷик оварда мерасонд. ҲНИТ дини мубини Ислом ва даъват ба Худошиносиву иҷрои фарзиятҳои мусалмониро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимияту давлат бо дини Ислом пардапӯш карда, халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркушиву ғоратгарӣ, бераҳмиву беадолатӣ даъват намуд. Дар натиҷа чӣ қадар одамон натанҳо хонахаробу хонавайрон, гурезаву ҳабс, балки аз олами ҳастӣ чашм пӯшиданд.

Маҳз дар натиҷаи дурандешиву сиёсати хирадмандона, сулҳхоҳиву ватандӯстии  ин марди хираду оқил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 1997 байни роҳбари ҳамонвақтаи ҲНИТ Саид Аблулои Нурӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Созишномаи умумӣ оиди Сулҳ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки натиҷа ба ҷанги шаҳрвандиву бародаркушӣ хотима бахшида шуд. Аммо бо он ки созишнома баста шуд, ду намояндаи ҳизби мазкур дар Маҷлиси намояндаи Маҷлиси Олӣ роҳ ёфтанд, намояндагони ҲНИТ ба мақсаду мароми худ нарасида, таъсироти манфии худро ба ҷомеаву ҷамъият  бо роҳи даъват гӯё ба ислом идома доданд.

Аз соли 2006 баъди вафоти Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбарии ҳизби мазкурро ҷонишини ӯ Муҳиддин Кабирӣ ба ӯҳда гирифт ва ӯ низ давомдиҳандаи фикру андешаҳои ғаразноку ифротгари ӯ буд.

Ҳизби наҳзати ислом ва тарафдорони он бар зидди давлат ва ҳукумат, тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳокимияти давлатиро ба вайрон намудани созишнома айбдор намуд. Дар натиҷа ҳамчун ташкилоти террористӣ ва оппозитсионӣ, ҳизбе, ки бар зидди давлату ҳукумат аст ва ҳизби мақсадҳои ғаразнокдошта эътироф ва эълон карда шуда, аз соли 2015 ҳокимияти давлати фаъолияти ҳизбро қатъ карданро талаб кард.  

Вақте ки каму беш бошад, ҳам бо таърихи пайдоиш ва фаъолияти ҳизби мазкур инсон ошно мегардад, ҳамоно дарк мекунад, ки аз ибтидои пайдоиш то инҷониб мақсади ҲНИТ соҳиб шудан ба тоҷу тахт ва ба даст овардани ҳокимияту давлат ва пойдор намудани давлати Исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барои амалигардии мақсад ва ҳадафҳои таъсисдиҳандаҳои ин ҳизб чӣ қадар одамонро  хонахароб, зиндонӣ, муҳоҷир гаштаанд. Инсон ба ҳайрат дучор мешавад, ки ин мардумони ҷоҳили ифротӣ барои чӣ барои расидан ба мақсадҳои худ халқу одамонро гумроҳу парешон ва хонавайрон мекунанд.

Мо бояд ҳамагон ҷонибдори ободию созандагӣ, таъмини ҳаёти бофароғату осуда бошем ва дар фикри имрӯзу ояндаи миллату ватан буда, баҳри осудагиву ободии диёри азизамон саъйю талош намоем, на ба шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ.

Инчунин бояд таъкид кард, ки аз ин фоҷиа ва даҳшат канора ҷустан лозим аст. Мо бояд, аз як гиребон сарбароварда ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаю сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Чуноне ки он кас таъкид мекунанд: «Роҳи ояндаи Тоҷикистон муайян аст» ва «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам», вақте ки роҳбари давлат ба мо бо як назари неку самимият ва суханони устуворона ин суханонро мегӯянд, барои чӣ бархе аз ҷавонону инсонҳо роҳи дурусту оромиву осоиштагӣ, тинҷиву амониро дар ватан интихоб накарда, ба роҳҳои номуаяйну ноустувор, роҳе, ки ба беадолативу бераҳмӣ ва ҷоҳилӣ даъват мекунад, мераванд. Ҷавонон, мардуми зиндадилу некхоҳи тоҷик, пеш аз хиёнат ба ватану миллат, дӯсту бародар ва сарзамини аҷдодии худ фикру андеша бояд кард. Охир бо ягон мулки ҷаҳон, зару зевар ва пули дунё сулҳу суббот ва оромиву осоиштагиро харидан мумкин нест. Бар замми ин ҳаёти инсон яктост, онро бо хушиву хурсандӣ дар канори модару падар, зану фарзанд ва пайвандон бояд гузаронд, на бо шомилшавӣ ба ҳизбҳои ифротгаро, ки ба ҷангу харобиҳо, ҷудоиву ғарибӣ, бенавоӣ ва марг меоварад. 

Носирова У.

http://www.zoofirma.ru/