ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МЎҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РОҲНАМО БАҲРИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Масъалаи терроризм ва ифродгароӣ яке аз муаммоҳои глобалии ҷаҳони имрўза маҳсуб меёбад.  Ба ҳамагон маълум аст, ки ин вабои аср арсаи ҷаҳониро торафт ба ташвиш андохта истодааст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини амнияти Ватани азизамон ҳаматарафа ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи терроризм ва ифротгароӣ дар мадди аввал меистад. Дар Паёми имсолаи худ низ Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017, ш.Душанбе) оид ба ин масъалаи глобалии ҷаҳонӣ бисёр суханҳои пурмазмун ва саривақтӣ ироа кардаанд. Агар ба Паёми имсола назар кунем, Сарвари давлат суханронии хешро аз ҳамин проблемаи доғи рўз оғоз намуда, чунин қайд намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст».

Соли ҷорӣ дар гўшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад…». Ин сухани Президенти кишвар таҳлили чуқури сиёсӣ дорад. Дар ҳақиқат терроризм ва ифротгароӣ сол то сол ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохта, дар баробари ин ба амният ва иқтисодиёти давлатҳо таъсири манфии худро расонида истодааст. Ин ҳолат дар ҷумҳурии мо низ истисноъ нест. Ҳаракатҳои террористии Назарзода Ҳ. ва ба амал омадани ҳаракатҳои ифротӣ ва террористии раис ва аъзоёни ҲНИТ таи солҳои охир суботу амнияти Ватани моро халалдор намуд. Хушбахтона, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кўшишу талошҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриамон мақсадҳои ғаразнок ва харакатҳои террористии Назарзода Ҳ. маҳв карда шуд ва фаъолияти ҲНИТ бошад дар мамлакат қатъ гардид. Дар суханрониҳо ва паёмҳои худ, аз ҷумла паёми имсола Сарвари давлат қайд карданд, ки: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем…».

Доир ба масъалаи терроризм низ Пешвои миллат дар паёми имсола алоҳида истода, бисёр масъалаҳои мубрами рўзро инъикос намуда, чунин ишора намуданд: «Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Масъалаи Ватан, дин, мазҳаб надоштани террористро Президенти кишвар доимо таъкид мекунанд. Ин сухани Сардори давлат мазмуни чуқур дорад. Зеро, шахсе, ки Ватани худро дўст дорад, дини исломро дуруст азхуд кунад ва мазҳаби таълимоташ таҳаммулпазирро (масалан, мазҳаби Имоми Аъзам бо номи «Ҳанафия») интихоб кунад, ҳеҷ гоҳ ба корҳои террористӣ даст намезанад. Айнан бо ҳамин мақсад  бо супориши Пешвои миллат «Қуръон» ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. 

Аз ҷониби Пешвои миллат, мўҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қувват бахшидани мубориза зидди терроризм ва ифротгароӣ, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез» ба нақша гирифта шудааст.

Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат хеле саривақтӣ буда, даъвати созмонҳои байналхалқӣ ва дигар шарикони рушд ба шумор меравад. Пеш гирифтани ин кори муфид обрўю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорад. Зеро, Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳои Осиёи Миёна бо Пешвои хирадманд ва дурандеши худ ба ин масъалаи глобалӣ ташаббуси зиёд гузошта истодааст. Ғайр аз ин ҳаркатҳои террористӣ давлатҳои ҳамсояи моро низ таҳдид карда истодааст, ки ин ҳолат моро низ бефарқ гузошта наметавонад. Дар Паёми навбатии худ низ Пешвои миллат оид ба масъалаи дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ» ишора намуда, кулли шаҳрвандони ҷумҳуриро водор карданд, ки ба ин масъала таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоем.

  Дар хулоса ишора намудан зарур аст, ки Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоии асосии мо оид ба пешбурди соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, маориф ва илм ва мубориза зидди терроризму ифротгароӣ ба шумор меравад. Мо омўзгоронро зарур аст, ки ин суханони Сарвари давлатро ба донишҷўён ва умуман насли ҷавонон расонем, машғулиятҳои лексионӣ ва амалиро маҳз аз ҳамин масъалаҳои доғи рўз оғоз намоянд. Зеро, бедор намудани ҳисси ватандўстӣ ва ҳушёрии сиёсӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мост. 

 Турсунов Б. дотсент

 Шарипов М. ассистент

http://www.zoofirma.ru/