ХАТАРИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРИМИСТИЮ ТЕРРОРИСТИИ ҲНИТ БАРОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мувофиқи моддаи 28-уми Конститутсия шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрвандон ҳақ доранд дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла, ҳизбҳои характери динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Мазмуни асосии моддаи зерини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки шаҳрвандон ҳуқуқҳои сиёсии худро озодона амалӣ  мегардонанд. Аммо, гурўҳе ин чизҳоро амиқ дарк намекунанд.

ОФТОБРО БО ДОМАН ПЎШИДАН НАШОЯД

Дар дунё ягон масъала ҳатто хурдтарин кори хуб ва баде, ки дар кадом  сатҳу доираи сурат нагирад, он ҳатман дер ва ё зуд ошкор мегардад. Баробари дигар корҳои бад дар дунё аз қатлу куштори инсон дида кори бадтар вуҷуд надорад. Чун инсон муқаддас, соҳибкаромат буда, дар байни дигар мавҷудоти рўи олам азизу мўътабар офарида шудааст. Қатли инсон сарфи назар аз дину миллат, баромади иҷтимоӣ, мақому вазифааш  кори ниҳоят зишту нангин ба шумор мераавд. На танҳо куштани як нафари бегона, ҳатто худкушӣдар таълимоти дини ислом манъ карда шудааст. Гузашта аз ин қатли шахсони соҳибфарҳанг, олимону донишмандон, ки ҳамчун чароғи ҷомеа ва пешоҳанг дониста мешаванд, рафтори  хоинона, душманона буда, барои нобуд намудани миллату давлат роҳандозӣмегардад.

Экстремизми динӣ ва ҲНИТ

Ҳамчун як шаҳварнд, шарқшинос, файласуф ва фарде ки солҳои тўлонӣ дар кишварҳои ҷаҳони Ислом адои вазифа кардааст, камина фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву диннии гуногунро мушоҳида ва мулоҳиза кардаам, ҳангоме, ки оид ба фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) амали он аз давраи ба расмият даромаданаш зиёда аз 15 сол андеша намуда ба худ саволе додам «оё ин ҳизб барои ҷомеа ва миллати точик чӣ  хизмате кардааст?». Дар ҷавоб танҳо - ҷудоиандозӣ, фирефтагардонӣ, раҳгумнамоии баъзе одами зудбовар, ба инобат нагирифтани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро дидаму халос.

Тири хокхўрдаи наҳзатиён

Ҷанги шаҳрвандие, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад як воқеъаи бисёр ҳам нангин ва мудҳиш ба сари мардуми тоҷик буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 70 сол дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ буд ва дар ин давр ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шўравӣ ҳизби яккаҳукмрон ба ҳисоб мерафт. Ҳар гуна амри ин ҳизбро ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам бе чуну чаро иҷро мекарданд.

ҲНИТ – САРЧАШМАИ ПАЙРАВӢ БА ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Соҳиби истиқлолияти давлатӣ гаштани кишвари мо боиси ифтихор ва қаноатмандии мардуми ватанпарвар, миллатдўст гашта, дили дўстонро шод карда бошад, дар як вақт доираҳои муайянро ба таҳлука ва хавотирӣ андохт. Ин доираҳо тасмим гирифтанд бунёди боз як давлати озодро, ки аз рўзҳои аввали мавҷудият ҷонибдории худро аз демократия, сулҳ, адолат эълон дошта, ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ҳуқуқҳои инсон, ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро ҳадафҳои сиёсати худ эълон намудааст, халалдор созанд. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд «бунёдгароёни исломии дунёи муосир мавқеи бисёр ҳассоси сиёсии Тоҷикистонро ба ҳисоб гирифта, ҷумҳурии моро ба ҳайси размгоҳи интишори он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интихоб карданд». Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ натиҷаи ҳамин нотавонбинӣ гардид ва ба сари аҳолии мо фоҷиаҳои бисёр овард, ки калонсолон аз он ба хубӣ огоҳ мебошанд.

МАЗҲАБФУРӮШ ВАТАНФУРӮШ ҲАМ АСТ

Дар нашрияи «Тирози ҷаҳон» зери лавҳаи «Баҳри амнияти миллӣ» мақолаи собиқ аъзои ҲНИТ, ки ин ҳизбро соли 2013 тарк кардааст, Муҳаммадиқболи Бохтарӣ дар мавзӯи «Чаро роҳбарони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мазҳаби Ханафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?» дарҷ гардида буд.  Муаллиф барҳақ таъкид мекунад, ки ««имрӯзҳо дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешармона дар бораи ватан, миллат, мазҳаб ва ғайра гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешавнд».

Назаре ба амалҳои зишти ҳизби экстремистию террористӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар, ягона ҳизби сиёсии расмии динӣ дар маҳдудаи пасошӯравӣ ба шумор мерафт.

Муассиси ин ҳизб, Сайид Абдуллоҳ Нурӣ яке аз ҷонибдорони фаъоли ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти пасипардагии худро соли 1973 шурӯъ карда, созмони ҷавонони мусулмон — "Наҳзати исломӣ"-ро таъсис медиҳад, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ пинҳонӣ фаъолият мекард.

Ба давлату миллат бояд содиқ бошем!

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.

http://www.zoofirma.ru/