Вохӯрии муфид бо намояндагони ВКД-и шаҳру вилоят

Дар донишгоҳ  бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт  вохӯрӣ бо нозири калони гурӯҳи ташвиқот ва тарғиботи шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят, майори милитсия Карим Ҷумъаев, нозири калони ташвиқоту тарғиботи шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд,

майори милитсия Амирбек Фозилбеков  дар мавзӯи «Оиди вазъи садаманокӣ дар давоми моҳи январи соли 2018 ва тағйироту иловаҳо дар як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.  Дар вохӯрӣ зиёда аз 400 нафар донишҷӯёни гурӯҳҳои академии шӯъбаи рӯзонаи факултетҳои донишгоҳ ва  устодон иштирок намуданд.

  Муовини ректор оид ба корҳои тарбия, профессор Мубинахон Хоҷаева вохӯриро ифтитоҳ бахшида, аз ҳадафи ин вохӯрӣ сухан кард. 

  Майори милитсия Карим Ҷумъаев оид ба садамаҳои оқибаташ ҳалокатовар, шумораи ҳалокшудагон ва шумораи ҷароҳатбардоштагон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят  ибрози андеша кард ва  қонунҳои амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин хусус бисёр саривақтӣ ҳисобид. Мавсуф қайд кард, ки донишҷӯёни муассисаҳои таълимие, ки тавассути автомашинаҳои шахсӣ тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, ҳамзамон бо автомашинаҳои шахсӣ ба муассисаҳои таълимӣ меоянд, бе ҳуқуқи барқароркунӣ аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ карда мешаванд.

  Муовини ректор оид ба корҳои тарбия,  профессор Мубинахон Хоҷаева ба меҳмонони чорабинӣ барои иштирок ва маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз номи раёсати донишгоҳ арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо донишҷӯёнро аз қоидавайронкуниҳо дар самти ҳаракати роҳу нақлиёт дар қаламрави вилоят огоҳ месозад ва ҷавононро ба риояи қонунҳои дахлдор дар ин самт  ҳидоят менамояд. 

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/