Сада – таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ

Ҳамасола  ҷашни Сада – ҷашни миллии аҷдодиамон дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, дар доираион чорабиниҳои зиёд баргузор мегарданд.Дар робита ба ин дар донишгоҳ мизи мудаввартаҳти унвони «Сада – таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ» бо иштироки  устодону донишҷўён доир гардид.

Сараввал, ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода аҳли толорро  ба муносибати таҷлили Иди Сада таҳният гуфт. Сипас, зикр намуд,  ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид,  таъкид доштанд, ки   суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллиамон - Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд ва зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардумамон ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд. Дарвоқеъ, ин иқдомот ҷиҳати эҳёи падидаҳои фарҳангӣ, таҷассуми суннатҳои нек, расму ойини аҷдодӣ ва тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда, шинохти нақши тамаддунсози миллати тоҷик мусоидат менамояд.

Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, дотсент Ҷўрабек Исомитдинов дар маърўзаи худ таҳти унвони «Сада – мероси арзишманди маънавии ниёгони мо» роҷеъ ба замони пайдоиш ва марҳалаҳои таҳаввули ин ҷашни куҳан, замони маъруфияти он миёни мардум дар асоси сарчашмаҳо ва осори таърихӣ чандин ривоятҳоро нақл намуданд . Аз ҷумла таъкид дошт, ки пайванди ҷашни Сада ба шумораи сад, ки аксари донишварону муаррихон ва муҳаққиқон онро қайд намудаанд, пайванд ба он дошт, ки аз замони таҷлили Сада то поёни сол, яъне омадани Наврӯз панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рӯз боқӣ мемонад, ки ҳар ду маҷмӯан баробар ба сад бошанд. Ба хотири ин, гузаштагонамон  Садаро ҳамчун ҷашне ба истиқболи Наврӯз таҷлил менамудаанд. 

Мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Аслам Каримов роҷеъ ба инъикоси иди Сада дар осори классикони тоҷик ибрози ақида намуда, аз ашъори шоирони тавонои асримиёнагии форсу тоҷик Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ роҷеъ ба тавсифи Сада ва аҳамияти он намунаҳо овард. Мавсуф таъкид дошт, ки дар аксар маврид чи дар назму чи дар насри классикони тоҷик шарҳу тафсири вожаи «сада» маънии рӯшанӣ, тулӯъ намудан, инчунин оташи шуълакунанда ё баландшӯъларо дорад. Пас оини Сада ин инъикосгари гармиву рӯшанӣ ва нур ба рўзгори башар аст.

Дар охир, донишҷў Муҳиба Ҷабборова доир ба васфу ситоиши ин ҷашни накӯи миллӣ аз осори шоирони муосири тоҷик Гулназар, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон мисраъҳо қироат намуд.

Баргузории чорабинӣ бори дигар хотирнишон сохт, ки маҳз дар даврони соҳибистлолии кишвар ҷашни Сада рисолати бузурги таърихии хешро барқарор намуд ва эҳёи ин ҷашни миллии ниёгон ҳамчун рамзи некӣ, рӯшанӣ, сарҷамъиву ваҳдати мардум минбаъда низ дар ҳифзи дурдонаҳои гаронбаҳои маънавии халқамон нақши муассир дорад.

Шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/896-sada-ta-assumgari-sunnat-oi-neki-inson.html#sigProGalleria832d8b69d6
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/