Нишасти матбуотӣ

Дар  асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  мутобиқи  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729  санаи 30 январи соли 2018  нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 доир гардид.

Сараввал ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода аҳли нишастро ба маъвои саодати маънавиамон хайрамақдам гуфт. Ректори донишгоҳ зимни гузориши муфассал аз фаъолияти аҳли донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли 2017 афзуд, ки асоси кору пайкори ҳайати устодону профессорони донишгоҳро татбиқи сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат дар соҳаи маориф, тарбияи насли созанда, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ободии рўзгори устодону кормандон ташкил медиҳад. Дар иртибот ба таъмини ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлатамон нисбати соҳаи маориф, таваҷҷўҳу дастгирии ҳамешагии Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд  нимсолаи дуюми соли 2017 ҷомеаии меҳнатии  донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, донишгоҳ байни муассисаҳои олии касбии мамлакат дар қатори даҳгонаи беҳтарин номбар гардид. Дар назди донишгоҳ Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-023 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PHD),  доктор аз рўйи ихтисос таъсис дода шуд. Дар доираи “Соли ҷавонон” бо иштироки беш аз 150 намояндагон ва ҷавонони кишвар бори нахуст дар донишгоҳ Форуми ҷумҳуриявии “Ваҳдати ҷавонон – саодати миллат”дар сатҳи баланд баргузор шуд.  Маркази омўзиши Аврупо таъсис ёфт.

Дар озмуни «Донишҷўи сол-2017» байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар сазовори ҷойи дуюм гардидани донишҷўи донишгоҳамон Муҳиба Ҷабборова, ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Маҳфили зарифон” роҳхат гирифтани дастаи “Закиён”-и боргоҳи маърифатамон,  дар Бозиҳои Осиё сазовори ҷойҳои намоён гаштани варзишгарони донишгоҳ дастовардҳое буданд, ки  маҳз дар нимсолаи дуюми соли 2017 ба даст омаданд.

Ректори донишгоҳ  М.Шарифзода зикр намуд, ки мукаммал намудани  пояи моддию техникӣ ва инноватсионии донишгоҳ  бо мақсади пурра гузаштан ба низоми таҳсилоти фосилавӣ; ғановат бахшидани  базаи маркази тестии донишгоҳ; ташкили Марказҳои тестӣ дар назди факултетҳои донишгоҳ;  густариши равобити илмию таълимии  донишгоҳ бо кишварҳои хориҷа дар самти табодули донишҷўён ва устодон; коркарди низоми мониторинги корҳои тарбиявӣ         нақшаҳои тарҳрезинамудаи раёсати донишгоҳ мебошад, ки амалӣ намудани он минбаъда ҷиҳати  ноил гаштан  ба нишондиҳандаҳои назаррас, беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва умуман, самарабахшии фаъолияти самтҳои мухталифи донишгоҳ мусоидат менамояд.

Пас  аз анҷоми суханронии ректори донишгоҳ  хабарнигорон бо чанд саволи барояшон муҳим муроҷиат карда, посухҳои мушаххас  гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва  робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/889-nishastimatbuot012018.html#sigProGalleria159069913e
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/