Ҷаласаи ғайринавбатии шўрои кураторон дар донишгоҳ

Санаи 25 январ ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои кураторони донишгоҳ бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода, муовинони ректор, деканони факултетҳо, муовинони декан оид ба корҳои тарбия, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамаи сарпарастони гурўҳҳои академӣ баргузор гардид.

Сараввал,  ҷаласаро ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода ифтитоҳ бахшид. Дар ҷаласа масъалаи фаъолияти кураторони гурўҳҳо дар нимсолаи аввали соли хониши 2017-2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли хониши 2017-2018 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.  Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ қайд кард, ки мақоми куратори гуруҳи таълимӣ дар донишгоҳ аз дигар намудҳои фаъолияти тарбиявӣ болотар аст, зеро дар асл рамзи вазифаи падару модарро дар муассисаи таълимӣ ба ҷо меоварад. Ҳамчунин, аз масъулиятнокии кураторони гурўҳҳо, маҳорати педагогии омўзгорони ҷавон, рафтору одоби донишҷўён, ҳамкории кураторон бо волидайни донишҷў, маблағи хониш ва самтҳои фаъолияти кураторҳо ибрози андеша намуд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбия профессор Мубинахон Хоҷаева доир ба камбудиву норасоиҳои фаъолияти куратории гуруҳҳои академӣ,  куратороне, ки дар нимсолаи якуми соли хониши 2017-2018  дарсҳои кушоди тарбиявӣ баргузор намуданд, чорабиниҳои тарбиявӣ дар доираи ҳафтаҳои кафедраҳо,  шумораи донишҷўёне, ки дар нимсолаи аввали соли хониш 2017-2018 нисбати онҳо чораи муҷозотӣ дар намуди  «танбеҳ» дода шудааст, донишҷўёне, ки бо идораи мошинҳои шахсӣ ба донишгоҳ ҳозир мешаванд, донишҷўёне, ки ҷиноят содир кардаанд сухан кард. Мубинахон Хоҷаева дар рафти суханронӣ аз ҳамаи устодон ва кураторони гурўҳ даъват ба амал овард, ки ба интизом, рафтору кирдор, тарзи либоспўшии донишҷўён таваҷҷўҳи хоса зоҳир намоянд, зеро донишҷўён набояд ба ҳар гуна хизбу ҳаракатҳо шомил шуда, аз илмомўзӣ дур бошанд. Ў зикр кард, ки рисолати мо, устодон донишҷўёнро ба роҳи дурусти зиндагӣ, роҳи худшиносиву худогоҳӣ, хештаншиносӣ, илмомўзиву соҳибмаърифатӣ равона кардан аст. 

Ҳамчунин, дар рафти муҳокимаи масъала ба вазъи давомоти муҳассилин, пешгирии қоидавайронкунҳо, сатҳу сифати баргузории соатҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани масъулияти кураторон ва сардорони гурўҳҳои академӣ, тадбирҳо дар мавриди беҳтар кардани ҷараёни корҳои тарбиявӣ дар кафедраҳо, риояи дастурамали тавсиявии сару либос, ташкилу баргузории чорабиниҳо дар сатҳи кафедраҳо ва факултет, роҳандозии озмуну мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, тадбирҳои саривақтӣ дар мавриди андешидани чораҳои муҷозотӣ нисбати донишҷўёне, ки ба қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд, ҳамчунин, дастгирии донишҷўёни фаъолу болаёқат ва пешбарии онҳо барои қадршиносӣ, ташкили лавҳаҳои ифтихорӣ барои донишҷўёни пешсаф, қадршиносии кураторони намунакор эътибори махсус равона гардид.       

Дар анҷоми ҷаласа доир ба масъалаҳои зикргардида аз ҷониби деканони факултетҳо ва устодон мубоҳиса доир гардид. Ҳадафи ҷаласаи ғайринавбатии кураторон бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти таълиму тарбия дар факултетҳои донишгоҳ мебошад.   

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/