МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД…

Дар донишгоҳ бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони вилояти Суғд семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Усули таълифи мақолаи илмӣ» бо иштироки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

ДИСДДТТ, ДПДДТТ ва  омӯзгорони ҷавони донишгоҳ баргузор гардид. Аз рӯи барномаи семинари илмӣ-назариявӣ раиси олимони  ҷавони вилояти Суғд Шҳрат Саидзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки бояд ҳар як олими ҷавон дар баробари доштани дониши бунёдӣ,  ҳамчунин маҳорати суханварӣ ва қалами бурро дошта бошад, зеро маҳз маҳорати хуби мақоланависӣ пешрафту комёбии ӯро таъмин намуда, барои ба анҷом расонидани  корҳои илмию таҳқиқотӣ таъсири назаррас мерасонад. 

Сипас, дотсент Ҷӯрабек  Исомитдинов таҳти унвони «Мақолаи илмӣ: моҳият ва сохтори он» баромад намуда, иброз дошт, ки мақоларо бояд чунин навишт, ки дигарон хоҳиши хондани асари шуморо дошта бошанд, бояд мавзӯеро интихоб намуд, ки таҳти тадқиқоти ягон нафар набошад, мавзӯъ ҷолиб ва баҳсталаб бошад. Ҳамчунин, оид ба сохтор, меъёр ва тартиби навиштани мақолаи илмӣ,  илман асосноку  эътимоднокии мақола, мантиқан мукаммал  ва ба хонанда фаҳмо будани мақолаи илмӣ  суханронӣ намуд.

Баъдан, котиби масъули маҷаллаи илмии «Ахбори ДДҲБСТ» Абдумавлон Самиев таҳти унвони «Тарзи истифодаи сарчашмаҳо дар мақолаи илмӣ» маърӯза намуда, оид ба овардани иқтибосҳо ва аломатҳо дар иқтибосҳо,   дар бораи ҷараёни қабули мақолаи илмӣ ва камбудиҳои содиршаванда,  оид ба  дуруст истифода бурдани чакидаҳо, вожаҳои калидӣ ва иқтибосҳо  сухан кард. Ӯ зикр кард, ки маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» аз рӯи меъёрҳои Федератсияи Русия амал мекунад ва мақолаҳои омӯзгорон бояд ба талаботи ин меъёр ҷавобгӯ бошанд.

Сардори раёсати илм ва инноватсия Заррина Самадова зикр дошт, ки  ҳадафҳои  асосии семинари илмӣ-назариявӣ ба олимони ҷавон омӯзонидани тарзи дуруст  навиштани мақолаи илмӣ  мебошад. Ҳамзамон мавсуф ба олимони ҷавони вилоят дар корҳои ояндаашон бурдборӣ ва ба фаъолияти минбаъдаи Шӯрои олимони ҷавони вилояти Суғд  комёбиҳои назаррасро таманно намуд.

Дар фарҷоми семинар мубоҳисаи озод бо маърӯзачиён доир шуд ва аҳли нишаст ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/