ИФТИТОҲИ РАСМИИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИИ АВРУПО ДАР ДОНИШГОҲ

«Ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Амрико дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳими байналмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум,

эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошем» - таъкид медоранд, Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Дар робита ба ин дар донишгоҳ кушодашавии расмии «Маркази омӯзишии Аврупо»  бо иштироки намояндаи миллии Барномаи Эразмус+ дар Тоҷикистон Зарина Нуридинова ва устодону профессорон доир гардид.

Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Мумин Машокир оғоз бахшида, аз фаъолияти пурсамари шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ  сухан кард ва кушодашавии Маркази омӯзиши Аврупоро дар донишгоҳ муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳадафи Маркази омӯзиши Аврупо кӯмак намудан ба гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, таълимӣ дар самти омӯзиши Аврупо, татбиқи барномаи таълимии магистратура дар ихтисоси “Омӯзиши Аврупоӣ”, ки дар доираи лоиҳаи мазкур коркард шудааст, омода намудани барномаҳои дигари таълимии донишгоҳамон барои аккредитатсияи байналмилалӣ, махсусан Аврупоӣ мебошад.

Маркази омӯзиши Аврупо, ки дар донишгоҳ ифтитоҳ ёфт бо таҷҳизоти муосир ба маблағи 227345 сомонӣ аз ҷумла, бо  компютер, принтер, проектор, тахтаи электронӣ ва ғайраҳо ҷиҳозонида шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби ин Марказ харидорӣ намудани  як катор  китобҳои дарсӣ бо забони анлисӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи асосии лоиҳаи TACES ин дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумхурии Тоҷикистон, омода сохтани барномаи магистратура дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Аврупо ва Тоҷикистон, тайёр кардани  барномаи магистратура барои аккредитатсияи аврупоӣ мебошад.

Дар доираи лоиҳа ҳамкорӣ байни Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон), Донишгоҳи давлатии Тарту (Эстония) ва муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянӣ (русӣ-тоҷикӣ), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Данғара ба роҳ монда шудааст. Боиси қайд аст, ки то имрӯз дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Айни замон фаъолияти лоиҳа идома дорад ва маркази навтаъсис, ки дар заминаи лоиҳаи Эразмус+  ва - TACES -  «Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон» бунёд шудааст, дар оянда нуфузи донишгоҳро дар сатҳи байналмилалӣ баланд намуда, дар таҳким бахшидани иқтидори илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии донишгоҳамон саҳми босазо мегузорад. 

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/863-iftito-i-rasmii-markazi-om-zishii-avrupo-dar-donishgo.html#sigProGalleriacc503a435a
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/