ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 13.01.2018 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки Маҳмадалӣ Ватанзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Маъруф  Муҳаммадзода - раиси шаҳри Хуҷанд,  Абдуҳалим Ғаффоров - раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон,

Гулбаҳор Назирӣ- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саодат Аминҷонова- Узви маҷлиси миллӣ ва роҳбари гуруҳи тарғиботӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шарифзода Мумин Машокир нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ ва мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд.

Сараввал, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз нуктаҳои муҳими Паёми имсола сухан карда, аз  ҳамагон даъват ба амал овард, ки Паёмро сармашқи кори хеш созанд.

Маҳмадалӣ Ватанзода ба сухан баромада, иброз намуд, ки  баъди ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Паёми имсолаи Пешвои миллат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми сарбаланди кишвар ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ҳамчунин аз Паём қайд қард, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».

Ӯ зикр дошт, ки сиёсати ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати давлат дониста мешавад ва Пешвои миллат дар Паём гуфта гузаштанд, ки «Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва бо иродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд». Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ба сухан баромада иброз дошт, ки нуктаи муҳим ин аст, ки Президенти кишвар ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити хуб ба  ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Аз ҷумла, ӯ аз Паём қайд намуд, ки «мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров  бобати татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт, расман оғоз гардидани Рӯзи ҷаҳонии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» сухан кард. Мавсуф зикр дошт, ки вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор хоҳанд шуд ва дар умум бояд гуфт, ки  дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми кишвар бо самимият истиқбол гардид.

Узви маҷлиси миллӣ Саодат Аминҷонова дар маърӯзааш зикр дошт, ки Президенти кишвар дар суханрониҳояшон пайваста ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ ва аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, мавсуф нуктаи муҳимро аз Паёми имсола қайд намуд, ки «моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем». Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Ин ҳам бошад ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон ва мардуми кишвар мебошад.

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби маърузачиён нуктаҳои дар боло зикршудаи Паём  дар сатҳи баланди маънавӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд ва аҳли нишаст онро хуш истиқбол намуданд. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/860-shar-u-tavze-i-nukta-oi-pajomi-prezidenti-um-urii-to-ikiston.html#sigProGalleriaba3bdb6718
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/