САФАРИ УСТОДОН БА ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ДРЕЗДЕН (ОЛМОН)

Боиси ифтихор аст, ки аз соли 2016 инҷониб дар донишгоҳи  мо  лоиҳаи«TACES (Introducing Transdisciplinary European Studies in Tajikistan)»-и Иттиҳоди Аврупо Эразмус + амал мекунад. 

Ҳадафи асосии лоиҳа  ин дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур  барномаи таълимии магистратура аз рўи ихтисоси “Тадқиқотҳои байнисоҳавии аврупоӣ” тайёр карда мешавад, ки дар оянда аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузарад. Ин якумин кўшиши гирифтани аккредитатсияи  байналхалқӣ аз рўи ихтисоси алоҳида мебошад.   Он дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон амалӣ  гардида,   дар ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон сурат мегирад. 

 Лоиҳа дар ҳамкорӣ  бо Донишгоҳи техникии Дрезден( Олмон) ва муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон  аз ҷумла, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгохи давлатии хукук,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данѓара, Донишгоҳи давлатии Хоруѓ амалӣ мегардад.

Аз рўи нақшаи лоиҳа  моҳи ноябри соли 2017 семинар – тренинг барои муаллимон  дар  Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон) баргузор гардид, ки дар он  омўзгори фанни “Cross  cultural communication-Межкультурные связи ” бо забони англисӣ, дар доираи барнома, ҳамоҳангсози лоиҳа, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷӯраев А.Ҳ., омўзгори фанни “Europien Economical Integration”- “Эвропейская экономическая интеграция” бо забони англисӣ Шокиров Р.С. омўзгори фанни “Europien Economical Integration”- “Эвропейская экономическая интеграция” бо забони англисӣ, мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Блиничкина Н.Ю. иштирок намуданд.

 Дар ин вохўрӣ чунин корҳо ба анҷом расонида шуданд:

-  муҳокимаи масъалаҳои рушд ва идораи лоиҳаи TACES,  бо иштироки ҳамоҳангсози лоиҳа Кристиан Хёрш;

- баррасии муаммоҳои омӯзгорон дар соҳаи роҳбарии рисолаҳои магистрӣ, таҳияи курсҳои лексияҳо ва такмили барномаҳои таълимӣ;

- шиносоӣ бо фаъолият ва захираи маводхои илмӣ ва таълимии Китобхонаи давлатии Саксонӣ ва Донишгоҳи Дрезден;

- иштирок дар семинари махсус оид ба таъмини сифати таҳсилот ва ташкили аккредетатсияи байналмилалӣ, шиносоӣ бо усул ва тартиби таъмини сатҳи баланди сифати таълим дар донишгоҳҳои Аврупо ва шиносоӣ бо   қоидаҳои аккредетатсияи байналмилалӣ дар доираи системаи таҳсилоти кредитӣ;

-шиносоӣ бо фаъолияти маркази таҳсилоти фосилавӣ ва марказӣ рушди касбии Донишгоҳи технологии Дрезден;

- иштирок дар дарсҳои устодони Донишгоҳи технологии Дрезден ва ғайраҳо.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/830-safari-ustodon-ba-donishgo-i-tekhnikii-drezden-olmon.html#sigProGalleria4a5f66b0bb
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/