ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚУТБНАМОИ МИЛЛАТ

Паёми Сарвари давлат ҳамасола чун қутбнамо ва роҳнамои мардуми сарбаланди кишвар ба таърих ҳамчун ҳуҷҷати муҳими аҳамияти стратегидошта, ки ба таъмини рушди устувори кишвар мусоидат мекунад, санаи 22-юми декабри соли равон тавассути садо ва симои мамлакат мустақиман пахш гардид.

Устодону профессорон, кормандону муҳассилини донишгоҳ дар радифи кулли сокинони кишвар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро самимона истиқбол намуданд. Истеъмои дастаҷамъонаи Паём дар маҷлисгоҳи бинои асосӣ, толорҳои бинои таълимии донишгоҳ, факултетҳо, китобхонаи илмӣ, хобгоҳ ва литсейи донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини иҷрои дурнамои соли 2018 ва муқаррар намудани авлавиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод гардид. 

Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нишони таваҷҷӯҳ ва самимияти хоса ба рушду бақои давлату миллат буда, далолат бар он мекунад, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла ба соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ  таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Ҷавобан ба Паёми Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон аҳли устодону кормандони донишгоҳ самти фаъолияти хешро ба он равона месозанд,  ки дар таълиму тарбияи насли маънавибунёд ва мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгӯ саҳмгузорӣ намоянд. Ҳамчунин, дар партави ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду шукуфоии боз ҳам бештари сарзамин талош меварзанд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯз нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоламон  мусоидат менамоянд

                                    Шӯъбаи таҳлил ва робита  бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/