Эъломияи умумии ҳуқуқи башар- кафолати мақоми инсон дар давлати ҳуқуқбунёд

Бунёди ҷомеаи пешрафта қабл аз ҳама, эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман, таъмини волоияти қонунро тақозо мекунад - таъкид медоранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Қобили тазаккур аст, ки  дар қатори дигар идҳо Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин дар донишгоҳ конференсияи илмӣ - назариявии донишҷуён бо номи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар - кафолати мақоми инсон дар давлати ҳуқуқбунёд» доир гардид.

Дар конференсия раёсат ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчунин, донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии кабии вилоят иштирок намуданд. Доир ба таърихи ба имзо расидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, заминаҳои ахлоқӣ ва фалсафии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳуқуқ ба озодӣ ва  дахлнопазирии шахсият, моҳияти Эъломияи ҳуқуқи башар, таҷассуми арзиши олии ҳуқуқҳои инсон дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маърӯзаҳои илмии донишҷӯён ба самъи ҳозирин расонида шуд. 

Ҳамзамон, дар асоси маърӯзаҳои донишҷӯён байни устодон ва муҳассилин саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар анҷоми конференсия ба маърӯзачиёни фаъол Шаҳбоз Мирзонов донишҷӯи бахши 1-уми ДИС ДДТТ, Абдулҳафиз Дадобоев донишҷӯи бахши 3-юми ДПТ ба номи Муҳаммад Осимӣ, Фирдавс Зокиров донишҷӯи бахши 4-уми ДКМТ  ва Шаҳром Комилзода донишҷӯи бахши 3-юми ДДҲБСТ Ифтихорномаи  раёсати донишгоҳ  барои фаъолияти босамар дар риштаи илму таҳсилот, таваҷҷӯҳи пайваста ба илмомӯзӣ, худфаъолию ташаббускорӣ ва иштироки фаъолона ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон  сарфароз гардонида шуданд.

Баргузории чунин конференсияҳо дар донишгоҳ барои баланд бардоштани  савияи дониш ва маҳорату малакаи донишандӯзии донишҷӯён мусоидат мекунад. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/