ВИДЕОКОНФЕРЕНСИЯИ ДОНИШҶЎЁНУ АСПИРАНТОН ДАР ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚИИ УРАЛ

Соли сипаришудаистода донишгоҳ дар самти илму таълим ва тарбия бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкориро ба роҳ монда, конференсияҳои байналхалқию ҷумҳуриявиро дар сатҳи баланд баргузор намуд. Моҳи равон низ донишгоҳ дар самти баланд бардоштани маънавиёти донишҷўёну аспирантон  видеоконференсияи донишҷўён,

аспирантон ва устодонро  дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқии Урал таҳти унвони «Муаммоҳои актуалии ҳуқуқи гражданӣ ва соҳибкории Федератсияи Россия ва Тоҷикистон» доир намуд.

Дар видеоконференсия Владимир Белых-профессор, Директори Институти ҳуқуқ ва соҳибкорӣ, Артем Половников - сармуаллими кафедраи Институти ҳуқуқ ва соҳибкорӣ, Александр Латыев - дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкории донишгоҳи мазкур ва 4 нафар донишҷўёни курси 2-юми ҳамин донишгоҳ дар мавзўъҳои «Шартномаи дистрибюторӣ», «Пешниҳоди даъвои ғайримустақим аз ҷониби иштирокчиёни корпоратсия», «Муаммоҳои таносуби мафҳумҳои «кор» ва «хизматрасонӣ» дар ҳуқуқи граждании Россия. Баҳодиҳии ҳуқуқи хизматрасонӣ» маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Аз донишгоҳи мо донишҷўён дар самти масъалаҳои ҳуқуқии байналхалқии фарзандхонӣ дар Тоҷикистон, оид ба муҳофизат  ва ҳимояи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, мақоми ҳуқуқии субъектонии суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ ҳамчун матлаби ҳуқуқи гражданӣ, оқибатҳои ҳуқуқии беэътибор донистани аҳдҳо маърўзаҳои илмӣ  карданд, ки аз ин баромадҳои донишҷўён олимони рус хеле қаноатманд гаштанд.

Дар рафти видеоконференсия байни устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқии Урал ва донишҷўёни донишгоҳи мо саволу ҷавоб сурат гирифт.

 Ҳамчунин, дар видеоконференсия устодони донишгоҳамон дотсент Самад Болтуев ва Ҷаннатой Мансурова, Иброҳим Солиев ва дигарон оид ба самти ҳуқуқи гражданӣ ва соҳибкорӣ ибрози андеша намуданд.

Мақсад аз баргузории видеоконференсия таҳлили муаммоҳои актуалии назариявӣ ва амалии  ҷойдошта, дар самти ҳуқуқи гражданӣ ва соҳибкорӣ буд.

Дар фарҷоми конференсия даъват ба амал оварда шуд, ки ин гуна чорабиниҳо дар ҳамкорӣ дар самти фаъолияти илму таълим ба ҳукми анъана даромада, минбаъд идома дода шавад. 

Видеоконференсия хеле хотирмон ва дар сатҳи баланди илмию назариявӣ баргузор шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/