МУАРРИФИИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ 6D.КОА-023 ДАР НАЗДИ ДДҲБСТ

Санаи 15-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёдов Имомалӣ Дўсталиевич, ҳайати устодону профессорон,

аспирантону докторантон муаррифии Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-023 дар назди ДДҲБСТ доир гардид. 

Ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида,  ба ҳамагон оиди  фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 октябри соли 2017,  №46  ҷиҳати дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъсис ёфтани Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-023 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PHD),  доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D050600 – иқтисодиёт ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рўи ихтисоси 08.00.05-иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (иқтисодиёти минтақавӣ), ҳайати Шўро (раиси Шӯро, муовини раиси Шӯро, котиби илмии Шӯро, узви Шӯро) маълумот дод.

Сипас, Сайёдов Имомалӣ ҳозиринро бо кушодашавии  Шўрои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ  табрик намуда, доир ба мушкилоти таъсиси КОА, фаъолияти он, шумораи ҳимояи диссертатсияҳо дар Шўроҳои назди КОА, талаботи таълифи рисолаҳо тибқи Низомнома ҳарф зад. Аз ҷумла таъкид дошт, ки тибқи муқаррарот ҳимоя бо се забон иҷозат дода мешавад, лекин фишурдаи диссертатсия (автореферат) ҳатман бо забони давлатӣ таҳия мегардад.

Баъдан байни иштирокчиёни чорабинӣ ва намояндаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суолу ҷавоб сурат гирифт.Ҳозирин ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Кушодашавии Шўрои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ  боз як дастоварди муҳими илмӣ барои ин боргоҳи маърифат маҳсуб меёбад.  

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/