«ДОНИШҶЎИ СОЛ-2017» ДАР ДДҲБСТ МУАЙЯН ГАРДИД

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон  озмуни ҷумҳуриявиро миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳти унвони «Донишҷўи сол-2017» эълон намудааст.

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани  беҳтарин «Донишҷўи сол-2017» озмуни кушод баргузор гардид. Дар озмун се нафар номзадони арзанда – Муҳиба Ҷабборова Илҳомҷоновна-донишҷўи курси 3-юми ихтисоси кори бонкии факултети молия, Каримова Нозила Асламовна-донишҷўи курси 2-юми ихтисоси идораи давлатии факултети бизнес ва идоракунӣ Бекназарова Севара Маъмуровна-донишҷўи курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ иштирок  доштанд. 

Дар Озмун донишҷўёни номбурда, ки бо баҳои аъло таҳсил доштанд, аз рўи шартҳои зерин иштирок намуданд; 

        - худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи презентатсияҳо);

        - саволу ҷавоб вобаста ба мавзўъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, забондонӣ;

       - навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ-тоҷикӣ) вобаста ба мавзўи сиёсати давлатии ҷавонон.

       Бо назардошти иштироки  донишҷўён аз рўи шартҳои Озмун, донишу маҳорати онҳо ва натиҷаи баҳогузорӣ довталаби арзанда барои иштирок ба даври ниҳоии озмуни «Донишҷўи сол-2017» муайян гардид.  Дар асоси хулосаи аъзои ҳакамон донишҷўи курси 3-юми ихтисоси кори бонкии факултети молия, Муҳиба Ҷабборова ғолиб дониста шуд ва ба даври навбатии озмуни «Донишҷўи сол-2017» иштирок хоҳад намуд.

       Раёсат, ҳайати устодону професорон ва донишҷўёни донишгоҳ ба Муҳиба Ҷабборова дар даври ниҳоиии Озмун комёбиҳо хоҳонанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/