МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ «ТАҲАВВУЛОТ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН»

Бахшида ба 69-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони «Тахаввулот дар соҳаи ҳуқуқи инсон» бо иштироки олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Мизи мудавварро раиси Шӯрои олимони ҷавон дотсент Шӯҳрат Саидзода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки дар садаи асри XX қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар барои боло бардоштани мақому манзалат, шарафу номус ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири назаррас гузошт. Хоссатан, қабули эъломияи мазкур аз аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки ҳанӯз соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст, сарчашма мегирад. Чи тавре, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид қайд менамоянд: «Бунёди ҷомеаи пешрафта, қабл аз ҳама, эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман, таъмини волоияти қонунро тақозо мекунад».

Баъдан, донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси ҳуқуқшиносӣ Абдушукур Ниёзов дар мавзӯи «Таърихи ба имзо расидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ Ризвоншоҳ Гиёев дар мавзӯи «Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият», донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси ҳуқуқшиносӣ Шаҳром Комилзода дар мавзӯи «Инъикоси мавзӯи озодии сухан дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» маърӯза намуда, доир ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқи инсон дар шароити имрӯза, мушкилоту муаммоҳое, ки шаҳрвандон ҳангоми оѓоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ рӯ ба рӯ мегарданд, фарҳанги ҳуқуқӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан карданд.

Дар рафти чорабинӣ байни олимони ҷавон ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гардид ва дар ҷамъбасти чорабинӣ раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ дотсент Шӯҳрат Саидзода изҳор дошт, ки баргузории мизи мудаввар барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ба татбиқи амалии қонунҳои ҷорӣ мусоидат хоҳад намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/