Мастер - класс дар мавзӯи «Пешбурдани фаъолияти соҳибкорӣ»

Соли равон бахшида ба Соли ҷавонон дар донишгоҳ чорабиниҳои мухталифи илмию таълимӣ ва тарбиявӣ баргузор шуданд. Аз санаи 22 ноябр то 25 ноябр дар озмоишгоҳи инноватсионии донишгоҳ бо ҳамкории маркази таълимии «Таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия» мастер - классҳо дар мавзӯи

«Пешбурдани фаъолияти соҳибкорӣ» бахшида ба Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ баргузор шуд. 

Мастер - классҳо аз тарафи мутахассисони маркази таълимӣ гузаронида шуда, дар давоми се рӯзи треннинг машғулиятҳо оид ба  пеш бурдани соҳибкорӣ, истифодабарии моделҳои гуногун барои таҳлили иқтисодии лоиҳа ва инчунин бозиҳои шавқовар ташкил карда шуданд.

Дар рӯзи охирон дар толори маҷлисгоҳи бинои 2-юми донишгоҳ озмун байни иштирокчиёни чорабинии мазкур баргузор карда шуд, ки аъзои ҳакамон бизнес - лоиҳаҳои беҳтаринро муайян намуданд. Инчунин дар чорабинӣ соҳибкорони ҷавон (стартаперон) ҳам иштирок намуда, самти фаъолияти кори худро ба иштирокчиёни треннинг муаррифӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва маркази таълимии «Таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия»   диплом ва сертификат супорида шуд.

 Шуъбаи таҳлил ва  робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/