МУАРРИФИИ АСАРИ «ИСТИЛОҲОТИ ҲУҚУҚ ВА ВИЖАГИҲОИ ЛИНГВИСТИИ ОНҲО»

Дар пешгуфтори  асари «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст: «Усулҳои наву замонавии таҳқиқ дар соҳаи забон ҷорӣ гардид, як зумра муҳаққиқону мутахассисон дар ин ришта тарбия ёфта,

заминаҳои бунёди илми забоншиносии муосири тоҷик гузошта шуд». Дарвоқеъ, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нашри як зумра луғатҳои истилоҳотӣ ва соҳавии гуногунҳаҷм, асарҳои илмию тадқиқотӣ, китобҳои дарсӣ бо сабки нав бар пояи дастовардҳои навини илмӣ ба рушди илми забоншиносии тоҷик замина гузоштанд.

Нашри асари илмии «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо», ки муаллифи он доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Русия Туғралхон Шокиров мебошад, асосҳои методологии истилоҳшиносии тоҷикро боз ҳам густариш бахшид.

Бо ташаббуси Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки аҳли илму адаб, суханварон, эҷодкорон ва донишҷўён маҳфили муаррифии китоби «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо» баргузор шуд.

Сардори шуъбаи библиографии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мавзуна Ҳамробоева перомуни «Мулоҳизаҳои библиографӣ оид ба осори профессор Т.Шокиров», мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров профессор Абдуҷамол Ҳасанов дар мавзўи «Назаре  жарф ба таърихи сеҳазорсолаи истилоҳоти ҳуқуқ», мудири кафедраи таърихи Ватани ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров профессор Ваҳҳоб Набиев дар мавзўи «Ҷабҳаҳои таърихии истиолоҳоти ҳуқуқ дар асари  «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо»-и профессор Туғралхон Шокиров, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ Абдусамад Болтуев доир ба «Назари лингвистии академик Шокиров Т.С. ба истилоҳоти ҳуқуқ» суханронӣ намуданд.

Асари тозанашри «Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо»-и профессор Туғралхон Шокиров  илман асоснок ба тадқиқи хусусиятҳои истилоҳоти ҳуқуқ аз лиҳози луғавию  маъноӣ ва сохторию мантиқӣ бахшида шуда, бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. 

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/