ҲНИТ ва ба ном «Давлати исломӣ» магар якранг нестанд?

9 ноябри соли ҷорӣ дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурят», мақолаи номзади илмҳои таърих, собиқ аъзои фаъоли ҲНИТ Иззатулло Саъдулло зери унвони  «ҲНИТ ва « Давлати исломӣ» исботи амалии як будани таълимот, фаъолият ва мақсади ин ду ташкилоти экстремистӣ дарҷ гардид.

Дар ҳақиқат, чи  тавре ки дар ибтидои мақола омадааст, солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшонияти гурӯҳи ифротию террористии «Давлати исломӣ» дар ҳайрат аст. Куштори гурӯҳии одамони бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан ё таркондани издиҳоми одамон, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор , ба кӯдакони хурдсол омӯзондани каллабурӣ, сохтани зиндонҳо, ҷорӣ кардани ғуломдориву ғуломфурӯшӣ ва ҳазорон ҷиноятҳои дигаре, ки ба ном «Давлати исломӣ» анҷом додааст, одамонро дар саросари дунё ба ваҳшат овардааст.

Чунин амалҳоро мушоҳида карда ё шунида, ҳар як шаҳрванди кишвари мо бо шукргузорӣ изҳор медорад, ки хайрият мардуми мо аз чунин даҳшатҳо дур, дар замони сулҳу осоишу озодӣ зиндагӣ мекунад.    

Лекин, магар дар аввали солҳои 90-ум хавфи ба чунин давлати ба ном исломӣ табдил ёфтани Тоҷикистон, вуҷуд надошт? Агар чунин хавф пайдо шуда бошад он ба амали кадом ҳаракат ё ҳизб марбут буд?

Тамоми мардуми миёнсол ва калонсоли кишвар медонанд, ки аз рӯзе, ки ҲНИТ ба фаъолияти кушод шурӯ намуд, мақсади аввалиндараҷа,  муҳимтарини  он ба даст дар оврдани ҳокимият ва бунёд намудани давлати исломӣ буд.  Муаллифи мақолаи зикршуди барои исботи  ин ақида барҳақ чунин балелҳоро меоварад: моҳи январи соли 1993, вақте минтақаи Рашти Тоҷикистон муваққатан зери назорати ҲНИТ афтод, онҳо дар ин  ҷо зуд давлати хурде бо номи Ҷумҳурии исломии Ғарм» (ҶИҒ) ташкил намуда, дар он гӯё қоидаҳои шариати  исломиро бо фаҳмиши ифротии наҳзатӣ ҷорӣ карданд» ва узви раёсати олии ҳизби наҳзат Саъдидини Рустамро «президенти»-и ин «давлати исломӣ» ва яке аз қумондонони хунхори  ҲНИТ Ризвон Садировро «вазири мудофиаи ҶИҒ эълон намуданд.  Фармонҳои аввалини  содир кардаи онҳо аз қабили «аз хона набаромадани занон», «аз чор ангушт кам набудани риши мардон», «ба мактаб нарафтани духтарон», «ба ихтиёри ҷангандагони ҲНИТ супоридани захираҳои озуқавории мардум, аз ҷумла орд, асал, чорво, картошка, себ ва ғайра», «манъ будани мусиқи дар тӯйҳо», «аз ҳар хона ба лашкари наҳзат додани ду муҷоҳид» ва ғайраҳо пурра ба амалу фаъолияти «Давлати исломӣ» дар мамлакатҳои Шарқи араб якранг буда, аломати алоқамандии ин ду ташкилоти экстремистӣ мебошад. Таъсис додани «судҳои исломӣ», ба қатл ҳукм кардани одамони бегуноҳ, куфру бидъат шуморидани анаҳои хуби миллӣ, барои ҷангандагони наҳзатӣ ҳалол шуморидани кашидан ва тиҷорати маводи мухаддир ва даҳҳо фатво ва фармоишҳои роҳбарни гурӯҳҳои гуногуни ҲНИТ пурра ба сиёсати ба ном «Давлати исломӣ» дар Ироқу Шом мутобиқ мебошад. 

Солҳои 1991-92 гаравгонгирӣ, кушодани зиндон ва қатлгоҳҳо, дар бинои ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш ваҳшиёна шиканҷа додан ва қатл кардани садҳо одамони бегуноҳро насли калонсоли водии Вахш аз хотир фаромӯш накардаанд. Шакли нави шиканҷа, ки наҳзатиён ихтироъ карда буданд «бочка шиканҷа» ном дошта, одамонро ба бочкаҳои холии калоне, ки дар гузашта маводи сӯхт нигоҳ медоштанд андохта маҳкам мекарданд. Чунин бераҳмиву ваҳшоният фақат хоси ба ном «Давлати исломӣ» буд.   

Дар асл «Давлати исломӣ» ва  ҲНИТ аз нуқтаи назари идеологӣ, тарзи корбарӣ ташкилотҳои ҳамрадиф буда, хоҷагону сармоягузорашон як аст. Бо вуҷуди  ноҷавонмадӣ, аҳдшиканӣ, хиёнат, золимии дар солҳои ҷанги шаҳрвндӣ зоҳир намудаи сарварон ва аксари аъзоёни фаъоли ҲНИТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири таъмини оромии кишвар ин ҳизбро ба авфи умум дохил кардан д ва онҳо давоми 16 сол озодона фаъолият бурданд, лекин боз ба хиёнат даст заданд.

Бо назардошти он ки дар байни амали Бен Лодан, Мулло Умар,  Абӯбакри Бағдобӣ ва Муҳиддин Кабирӣ фарқияти куллӣ вуҷуд надорад,  созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои пурқудрати олам  ҳамаи онҳоро ҷинояткорони байналхалқӣ эълон намуда,   фаъолияти созмонҳои онҳо таъсис додаро дар ҳудуди худашон манъ кардаанд.

 Дотсенти кафедраи

фанҳои ҷамъиятӣ:                                                С.Муртазоев 

http://www.zoofirma.ru/