МУАРРИФИИ ДОНИШГОҲҲОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР ДДҲБСТ

Субҳи рӯзи гузашта, санаи 14 апрели соли 2019 саҳни бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон серодам буд. Дар ин рӯз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз шарту шароит ва имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Бо мақсади ҷалби довталабон аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия намоишгоҳи донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар вилояти Суғд баргузор гардид ва чун анъана Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани ин чорабинии муҳим бо намояндагони донишгоҳҳои Русия ҳамкорӣ намуд.

Дар намоишгоҳ намояндагони Донишгоҳи давлатии ҷанубӣ-ғарбӣ, Донишгоҳи давлатии геологии Русия, Донишгоҳи давлатии Байкал, Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ором, Донишгоҳи давлатии Кемерово, Донишгоҳи давлатии Сибир, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Барои хатмкунандагони мактабҳои миёна маълумоти муфассал оид ба қоидаҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия, шартҳои  таҳсил барои донишҷӯёни хориҷӣ, имкониятҳо ва ихтисосҳои мавҷуда пешниҳод карда шуд. Дар ин қатор, маводи тарғиботӣ ва муаррификунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шуда буд, ки довталабон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/71-khabar-bajnalmilali/3087-muarrifii-donishgo-oi-federatsiyai-rusiya-dar-dd-bst.html#sigProGalleria283ba9f723
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/