ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Рушду тақвият бахшидани робитаҳои байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии донишгоҳ мебошад, ки  бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони дар бозори байналмилалии меҳнат рақобатпазир роҳандозӣ мешавад.   Дар роҳи расидан  ба чунин ҳадафҳои шоиста иштироки мунтазами устодону донишҷўён дар ҳалли масъалаҳои мубрам ва чорабиниҳои байналмилалӣ омили муҳим маҳсуб меёбад.

Дар ин замина,  мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ,  н.и.ҳ., дотсент Бахтиёр Самадов ва сардори раёсати корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, н.и.и., дотсент Зарина Самадова  дар  конференсияи IV-уми  байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Хавфҳои глобалии давраи рақамӣ ва тимсоли оянда», тариқи ғоибона, ки  дар Донишгоҳи давлатии нефт ва гази Русия,  ба номи Губкин И.М, баргузор гардид, ширкат варзиданд. Олимони мо  тариқи он-лайн роҷеъ ба нақш ва аҳамияти ҳуқуқии рушди соҳибкории хурд дар таъмини амнияти озуқаворӣ баромад намудаанд.  Гузоришоти илмӣ дар роҳи ҳамкориҳои судманди макотиби олӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрам ва  табодули таҷриба заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар хотима аз ҷониби кумитаи тадорукоти конференсия ба раёсати ДДҲБСТ изҳори миннатдорӣ баён карда шуда, ба унвони иштирокчиён шаҳодатнома фиристода шуд.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/71-khabar-bajnalmilali/3071-amkori-oi-bajnalmilal-gustarish-mejoband.html#sigProGalleria29a0f385b7
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/