ТАКМИЛИ ТАҶРИБА ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ДРЕЗДЕН

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо 65 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Донишгоҳ бо мақсади ба талаботҳои ҷаҳони муосир омода намудани донишҷӯён ва  табодули таҷриба бо лоиҳаву барномаҳои алоҳидаи минтақавиву байналмилалӣ ҳамкории қавӣ дорад.

Дар доираи лоиҳаи TAGES - «Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии раёсати донишгоҳ шуруъ аз санаи 24 феврал то 10 март муовини ректори донишгоҳ Мубинахон Хоҷаева ва декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Мунирахон Акмалова аз Донишгоҳи техникии шаҳри Дрездени Германия дидан намуда, дар чандин семинару ҳамоишҳо ширкат варзиданд. Намояндагони донишгоҳи моро бешу кам 20 нафар магистранту устодони донишгоҳҳои дигари мамлакатамон ҳамроҳӣ намуданд. Зимни боздид аз Донишгоҳи техникии шаҳри Дрездени Германия иштирокчиён аз раванди таълиму тадрис дар донишгоҳ, китобхонаву тарзи дарёфти адабиёти таълими тариқи системаи SLUB шиносоӣ пайдо намуданд. Дар ҷараёни сафар ҳамчунин ба иштирокчиён профессори донишгоҳи мазкур Шмиц дар мавзӯи “Таъриф ва адабиёти Германия” лексия хонд. Марианна Новосёлова бошад дар мавриди “Системаи PhD дар донишгоҳи техникии шаҳри Дрезден” маълумот дод.

Дар доираи лоиҳаи TAGES- «Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон» дар Донишгоҳи техникии шаҳри Дрезден ба иштирокчиён профессор Хёлгер Кусс дар бораи тарзи дарсгузарӣ дар системаи маорифи Германия маълумот дод.

Дар муддати кутоҳи сафар дар Донишгоҳи техникии шаҳри Дрездени Олмон иштирокчиён аз тарзи таълиму тадрис, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим маълумотҳои зарурӣ гирифта, дар таҷрибаи фаъолияти минбаъдаи худ истифода хоҳанд кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/71-khabar-bajnalmilali/2953-takmili-ta-riba-dar-donishgo-i-tekhnikii-sha-ri-drezden.html#sigProGalleriaaebb0c293e
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/