Омили ваҳдатофарӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид доштанд, ки омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир,

фитрати баланду дўстнавозии мардумамон вобаста аст. Агар ҳамин тавр намебуд, сулҳи тоҷикон ин қадар зуд ва самаранок бор намеовард.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳхидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки раванди худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ, дўстиву рафоқат, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ба пояи баланд бардошта шавад.

Дар ин раванд санаи 21-уми июни соли равон донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳ  Рўдакӣ, Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Данғара ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадафи ташрифи меҳмонон аз манотиқи ҷануби кишвар ба боргоҳи маърифатамон аввалан  таҳкими дўстӣ, сониян, шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия ва корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар дастовардҳои донишгоҳ буд.

Пас аз истиқболи  меҳмонон ва суҳбати хосу самимӣ муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия А.Орипов баромад намуда, зикр кард, ки воқеан, мактабҳои олии касбии кишвар имрўз вазифа ва масъулияти бузургеро ба зимма доранд. Ин вазифаи муҳим, қабл аз ҳама, таълиму тарбияи насли донишвар, фидокору варзида, ватандўсту худогоҳ ва мутахассиси шоистаи ояндасози меҳан аст. Мо  - аҳли раёсат ва устодони донишгоҳ хуб дарк менамоем, ки боз ҳам обод гаштану сарсабзии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба саъю талош ва нерўи созандагию бунёдкории насли ҷавон пайванди қавӣ дорад.  Дар ин росто, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бо истифода аз ҳама заминаҳои мавҷуда тамоми иқтидор ва имконоти худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва илм, вусъати ҳамгироӣ, фароҳам овардани барномаҳои нави таълимӣ, корбандии технологияи компутерӣ ва шабакаҳои интернет дар раванди таълим, дарёфти имконоти тозаи тадрис, таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, тавсеаи доираи тадқиқоти илмӣ, барномаҳои мукаммали тарбияи кадрҳо, таҷаддуди раванди таълим дар пайвастагӣ бо тарбияи маънавию ахлоқии донишҷўён, ба камол расонидани мутахассисони сазовор, фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил равона намудааст.

Сипас, муовини ректор оид ба тарбия М.Хоҷаева меҳмононро бо дастовардҳои донишгоҳ вобаста ба самтҳои таълим, тарбия ва илм ошно намуд.

Меҳмонон бо ҳисси қаноатмандӣ аз осорхони донишгоҳ дидан карданд.  Муаррифии  китобҳои тозанашри устодону донишҷўёни донишгоҳ хотири меҳмононро болида гардонд.

Ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташрифи устодону донишҷўёни Донишгоҳҳои олии ҷануби кишварамонро  ба боргоҳи маърифатамон яке аз омилҳои ваҳдатофарӣ, рамзи барҷастаи ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллати сулҳдўсти тоҷик маънидод карда, барои дар оянда боз ҳам мустаҳкам кардани дўстиву рафоқат кушиш ба харҷ медиҳанд.

Дар заминаи чунин чорабиниҳо ва вохуриҳо минбаъд равобити дӯстӣ ва рафоқат миёни насли ҷавони кишвар, ки дар донишгоҳҳои мухталифи манотиқи шимолу ҷануби кишвар таҳсил мекунанд, такмил ва тавқвият меёбад. 

http://www.zoofirma.ru/