Ваҳдати миллӣ ва густариши муносибатҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Агар ба таърихи биступанҷ  соли соҳибистиқлолии кишвар  назар андозем, мебинем, ки Тоҷикистон дар  ибтидо барои таҳия ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ комилан таҷриба надошт ва яке аз сарчашмаҳои мухолифати шаҳрвандии солҳои аввали истиқлолият низ ҳамин буд.

Дар баробари ин, тавре зикр гардид, ҷумҳурӣ дар гирдоби мухолифату ҷанги бародаркуш ва бӯҳрони сартосарӣ ниёз ба наҷотбахши тавоно ва мудаббиру корозмудае дошт, ки онро аз ин варта берун кашонад.  Дар чунин шароит ба Эмомалӣ Раҳмон зарур буд, ки ҳам таҷрибаи сарварӣ андӯзад, ҳам вазъияти хушунатборро омӯзад ва ҳам дар шароити ниҳоят вазнину печида қарорҳои дуруст қабул намояд. Бояд эътироф кард, ки сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин дурандешона ва пайгирона ҷараён гирифта, ӯ сарфи назар аз аҳволи мураккаби ҷумҳурӣ бо истифода аз имкониятҳои хориҷӣ роҳи ҳалли мушкилтарин масъалаҳоро пайдо намуд. Ин сарвар ва сиёсатмадори ҷавон, ки шахсияташ бо ростиву сафои ботин, бо донишу хиради азалии мардуми тоҷик ороста буд, барои фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани иқтисоди харобгардида, бозгардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, музокира кардан бо мухолифини сиёсӣ тамоми имкониятҳои заруриро пайдо ва сафарбар намуд. Созмони Миллали Муттаҳид сарпарастии музокиротро ба ӯҳдаи худ гирифт, давлатҳои кафил барои баргузор намудани мулоқоту гуфтушунидҳо шароит фароҳам оварданд. Дасту дили нияти пок ва истеъдоди сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон боис шуданд, ки чандин созмони байналмилалию қайриҳукуматӣ ба ҷобаҷосозии гурезаҳо, барқарор кардани манзилҳои харобгардида, расонидани кумакҳои башардӯстона даст зананд. Кишварҳои дӯст аз Ғарбу Шарқ ба Роҳбари Тоҷикистон

ҳамраъйии худро изҳор намуда, ҷумҳурии моро аз нигоҳи сиёсӣ ва молӣ дастгирӣ мекарданд. Гурӯҳҳои коршиносону мутахассисон аз СММ, САҲА, ниҳодҳои молиявӣ, кишварҳои пешқадами Ғарб дар таҳияи санадҳо барои гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, таҳияи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ, баргузор намудани интихобот, созмон додани институтҳои демократӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дасти кумаки холисона дароз карданд. Ҷасорату ҷавонмардӣ, фаросату заковати фитрӣ ва фазилати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон боис гаштанд, ки мухолифат тадриҷан фурӯ нишаст,  сохторҳои давлатӣ ба кор даромаданд, ҳаёти мардум ба маҷрои худ баргашт, заминаҳои ислоҳоту таҷаддуд ва такомули низоми давлатдории миллӣ пайрезӣ гардиданд. Моҳи ноябри соли 1994 Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин давлате буд, ки тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ Конститутсияи нави худро қабул кард. Ба дунболи ин Роҳбари давлат ваҳдати миллиро ба меҳвари идеологияи миллӣ табдил дод ва фарҳанги сулҳофарии ӯ чун намунаи ибратомӯзи истифода аз дипломатияи боздоранда ва дарёфти роҳи ҳалли муаммо равона месохтанд.

Ҳамин тариқ, дар айни амалиётҳои ҷангӣ, 5 апрели соли 1994 дар Москва таҳти сарпарастии СММ раванди мураккабу бисёр давраи гуфтушуниди миёни тоҷикон оғоз гардид, ки 1171 рўз идома ёфт. Гуфтушунидҳо нахуст ба имзо шудани Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва дигар амалҳои душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунидҳо» дар Теҳрон 17 сентябри соли 1994 оварданд,  ки дар роҳи ба даст овардани сулҳ қадами ҷиддие гардид. Ва оқибат, 27 июни соли 1997 дар Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Раванди бисёрдавраи гуфтушунид, ки дар пойтахти Русия оғоз ёфт, минбаъд бонавбат дар Теҳрон, Исломобод, Ашқобод, Алмаато, Бишкек, Машҳад, Хосдеҳ (шимоли Афғонистон) идома ёфта, дар Москва ба анҷом расид.

Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ барои сарзамини қадимаи Тоҷикистон кафолати сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии ҷумҳурӣ гардид. Бо шарофати барқарор сохтани сулҳу осоиштагӣ тадриҷан оштӣ додани нерўҳои мухолифи сиёсӣ, мустаҳкам кардани асосҳои истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани некўаҳволии халқ, гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои гуногун муяссар гардид. Пас аз имзо шудани Созишномаи умумӣ дар кишвар барои бозгашти беш аз миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба Ватан, ободкардани манзили онҳо ва баргардонадни онҳо ба ҳаёти орому осоишта шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Ҳамин тариқ, музокироти сулҳи тоҷикон ва имзо шудани Созишномаи умумии барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муҳимии ҳаётӣ доштанд. Имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба ҷанги даҳшатноки дохилӣ хотима гузошта, давлату миллатро аз ҷанголи муқовимату ихтилоф наҷот дод. Ин амали хирадмандона ва дурандешона вазъи ҷамъиятиву сиёсиро ба куллӣ тағйир дода, имкониятҳои истифодабарии дастовардҳои истиқлолияти миллиро фароҳам овард ва боварии мардумро ба ояндаи нек ва зиндагии осоишта эъҷод кард. Аз пайи ин теъдоди зиёди гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои зисти доимӣ баргаштанд, барои обод кардани манзил ва баргардондани онҳо ба ҳаёти орому осоишта шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Бо шарофати барқарор сохтани сулҳу осоиштагӣ тадриҷан оштӣ додани нерӯҳои мухолифи сиёсӣ, мустаҳкам кардани асосҳои истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои гуногун муяссар гардид. Ба андешаи доираи васеи сиёсатмадорон ва коршиносони ватанию хориҷӣ раванди гуфтушуниди миёни тоҷиконро бо натиҷаҳои он дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодире шумурданмумкин аст. Бо зиёда аз 150- давлати ҷаҳон робитаҳои бисёрсамтаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бо 130 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ амалӣ гардида истодаанд. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд.

Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Тоҷикистон бунёнгузори форматҳои нави муколама дар доираи кишварҳои форсизабон (сегонаи Тоҷикистон-Афқонистон-Эрон) ва кишварҳои “Чаҳоргонаи Душанбе” (Тоҷикистон-Русия-Афғонистон-Покистон) мебошад.

Ташаббусҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мағсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд. Ташаббусҳои зерин дар маҷмуъ ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд: “Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003”; “Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015”; “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013”.  Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон шудани соли 2013, мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркибаи воқеӣ мукаммал намуд: - ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии чунин технологияҳои нави гуфтушунидро тақозо мекунад, ки онҳо тавонанд ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.

Муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО: Соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид; соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд; соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи муссавараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд; соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид; соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт; соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии "60-солагии ЮНЕСКО" сарфароз гардонид; соли 2013 дар ш. Париж дар рафти 37-умин иҷлоси Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.

Мехоҳем мулоҳизаҳои хешро бо иқтибосе аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 11-умин солгарди Рўзи Ваҳдат ҷамъбаст намоем: «Ба ибораи дигар, Ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад».

Ҳамин тавр, дар натиҷаи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари азизи мо ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ дастовардҳои бузургро соҳиб гардид. Имрӯз  сулҳу ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистонро бе хизматҳои бузурги  Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Алимов Б.Ҳ- мудири  кафедраи

                                                              муносибатҳои байналхалқии

ДДҲБСТ , н.и.т, дотсент

http://www.zoofirma.ru/