АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ИФТИХОР БОЯД КАРД!

27 июни соли 1997 барои миллати тоҷик рўзи таърихӣ ва фаромўшнашавандаю тақдирсоз буду ҳаст. Дар ин рўз ормони чандинсолаи халқи пойдори тоҷик ба воқеияти ҳақиқӣ табдил ёфт,   зеро, дар пойтахти давлати Русия – Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки он ҷиҳати хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ пояи тавоное гардид.

Дар партави он миллати дорои гузашта ва имрўзаи бою ѓанӣ, ки аз сабаби парокандагии сиёсӣ замони таъриихие аз иттиҳоди худ дур ва хароб гашта буд, барои барпо сохтани сарзамини ягонаву муттаҳид даст ба давлатсозиву миллатсозӣ зад. Таҳти раҳбарии  сиёсатмадори бономусу ватандўст тамоми нерў ва эҳсосоти аҳолии ҷумҳурӣ ба хотири  дифоъ аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, озодӣ, якпорчагӣ ва садоқат ба Ватан  равона гардид. Аз он рўзи муборак оѓоз карда, Ваҳдати миллии тоҷикон саҳифаи нави таърихии худро боз  бинмуд. Ин арзишмандтарин бозёфти тоҷикон туфайли  толибони сулҳи ҷонибҳои даргир, пеш аз ҳама, бо кўшишу заҳматҳои беназир, талошу ҷонканиҳо, пофишорию истодагарӣ ва азму иродаи мустаҳками Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд. Хусусиятҳо ва ҷанбаҳои илмӣ ва сиёсии ин дастоварди бузурги миллати тоҷикро имрўз дар тамоми мамалакатҳои ҷаҳон омўхта,  тадқиқ карда ва аз натиҷаҳои он бархурдор гашта   истодаанд.

   Месазад, ки аз ин дастоварди бузург тамоми халқи тоҷик, хусусан, ҷавонони бонангу номуси мо ифтихор намоянд ва ба қадру қиммати он расида, ин неъмати пурбаҳоро аҷргузорӣ ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Имрўза ҳаёту рўзгори ороми мо меваи ширини истиқлолияти давлативу ваҳдати миллии тоҷикон мебошад. Мо ҳамарўза бояд кўшиш кунем, ки ин сулҳу ваҳдати тоҷикон поянда бошад. Зеро, ҳам сулҳ ва меваи хушгувори он – ваҳдат, пеш аз ҳама ба миллати тоҷик зарур аст, ки  мутаассифона, замоне бо ҳукми тақдир ин неъматҳои нодиру ноёб аз насиби мо дур гашт ва гардиши айём онро хушбахтона ба мо тўҳфа гардонид.

 Имрўз бисёр душманони миллат ҳастанд, ки ин дастовардҳои миллии мо - бештар аз ҳама сулҳу суботи диёр ва Ваҳдати миллии моро дида наметавонанд ва кўшиш доранд, ки фазои мамлакатамонро дигарбора ноором гардонанд. Дар ин радиф бисёр нафароне дар байни ҷавонон ҳастанд, ки ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат намерасанд, маънавиёти сиёсиву дунявиву динии  паст доранд ва ба ҳаракатҳои номатлуб, ба монанди экстремизму ифротгароӣ рўй овардаанд. Намедонанд ё фаҳмидан намехоҳанд, ки ин сулҳу ваҳдати тоҷикон ройгон не, балки  ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар фарзанди тоҷик ба даст оварда шудааст.

Аз ин рў моро зарур аст, ки ѓояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарастию ватандўстиро дар байни ҷавонон тарѓиб намуда, арзишҳои умумимилӣ ва умумидавлатиро ҳифз намоем. Барои дарёфти роҳҳои беҳтару пурсамари тарбияи худшинсиву худогоҳии ҷавонон пайваста кўшиш кунем.

Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба мақоми олии қонунгузори кишвар  вобаста ба гурўҳи ифротгаро  ишора намуданд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, чаҳони муосирро ба ташвиш овардааст» ва бо ин суханон таъкид намуданд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифз намудани  Сулҳу Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои  Истиқлолияти давлатӣ буда, бояд ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавононро аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эҳтиёт намоем, зеро ояндаи миллат дар дасти ҷавонон мебошад.

Шарофати ҳамин сулҳу ваҳдат аст, ки имруз ҳар нафари миллат бо сарбаландиву ифтихор метавонад дар байни дигар миллатҳои дунё худро соҳибдавлату соҳибзабону соҳибтамаддун гўяд.  Фахр намояд, ки Ватанаш Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллаташ тоҷики ваҳдатсаро аст. 

Ба ин хотир дар бузургдошти 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки «Ҷомеа ё миллате, ки гояи ваҳдати миллӣ надорад, ҳамеша эҳтимолияти ба бўҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мавҷуд аст. Зуҳури падидаи миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлати миллист, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурати ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ мекунанд, боло меравад». Ин таъкиди Сарвари давлат дар хусуси Ваҳдати миллӣ бе сабаб набуд, зеро  таҷрибаи пешини давлатдории тоҷикон, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ сареҳан нишон медиҳад, ки ваҳдат ва иттифоқ таҷассумгари манфиатҳои миллии тоҷикону тоҷикистониён маҳсуб мегардад.

 Аз ин рў, ҳар як тоҷикистонӣ бояд сидқан ифтихор намояд, ки миллати тоҷик дар ниҳоди худ сифатҳои волои сулҳдўстӣ, фарҳангпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва созандаву ободкориро дорад ва дар имрўзу фардои зиндагиаш аз онҳо пурсамар ва мақсаднок истифода кунад. Ин сифатҳои воло буд, ки миллати фарзонаи тоҷик дар тўли садсолаҳо мушкилиҳои пешомадаи таърихиро  мардона аз сар гузаронид ва шукри беадад, ки имрўз ба рўзҳои нек расид.

Тарих гувоҳ аст, ки Ваҳдатимиллӣ дар ҷомеаинавиниТоҷикистонвақтепойдоргардид, ки ҷангихонаводасўзибародаркуштамомисоҳаҳои ҷамъиятӣ варукнҳои давлатдориро хароб намуда буд. Маҳзталошҳои ҷонфидокоронаиАсосгузорисулҳуВаҳдатимиллӣ-Пешвоимуаззамимиллат, ҚаҳрамониТоҷикистон, ПрезидентикишвармуҳтарамЭмомалӣ Раҳмонбуд, кимиллатазвартаинобудӣ раҳокардашуд ва имрўз мо бо қаноатмандӣ метавонем, гўем, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи  истиқрории сулҳ ва оштии миллӣ халқи мо озодии  сиёсӣ ва якпорчагии кишварро ҳифз карда тавонист.

Аз ин сабаб, Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди тоҷик маънои онро дорад, ки эшон худро як ҷузъи ҷудонашавандаи миллат донанд ва арзишҳои миллиро ҳифз намуда, ба таърихи худ арҷгузорӣ намояд, худшиносу худогоҳ бошад. Ба андешаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Ин дарахтро Сарвари кишвар ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, ки имрўзҳо меваҳои ширинро ба самар оварда истодааст.

Вазифаи ҳар яки мо, ҳам ҷавону ҳам пири хирад, ҳам зану ҳам мард  ҳимояи соҳибистиқлоливу ваҳдати бадастовардаамон бошад, дар ин роҳ ҳама ҳамдаст бошем ва бар зидди душманони миллат як тан мубориза барем.  Пирон бояд бо ақлу заковат ва ҷавонон бошанд бо донишу қувваи бозу истодагарӣ намоянд. Ҳар як фарди миллат, хусусан омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, бояд ҳамеша ва мунтазам сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро дар байни ҳалқ таблиѓу ташвиқ намоянд, ба ҷавонон арзишҳои волои истиқлолияту ваҳдати тоҷиконро фаҳмонанд ва аз ҳаёти оромамон шукргузорӣ карданро омўзанад.

Мо, ҳама ба поянда будани ваҳдати миллӣ боварӣ дошта бошем. Дар шахсияти як нафар тоҷик тамоми миллат ва дар мафҳуми миллат ҳар як тоҷикро дида тавонем.

Имрўзҳо ҳар шаҳрванди Тоҷикистони азизамон бо шавқу завқи баланд ба истиқболи иди 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ омодагӣ гирифта истодааст. Эҳсос мекунад, ки баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ давраи навини таърихии Тоҷикистон оѓоз шудааст, саҳифаҳои аввалини он бо инъикоси дастовардҳои бузурги миллати тоҷик варақгардон шудааст, ў шоҳиди ин даврони таърихӣ аст ва аз ин ифтихор мекунад.

Дар ҳақиқат, аз Истиқлолияту Ваҳдат ифтихор бояд кард.

Раҳматхоҷа АҲМАДОВ – директори Маркази  таълимии  «Маърифат»-и ДДҲБСТ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, профессори Академияи табиатшиносии Россия

http://www.zoofirma.ru/