ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ВА АҲАМИЯТИ ҶАҲОНИИ ОН

Дар таърих санаҳое ҳастанд, ки марҳилаҳои муайяни ҳаёти халқро аз ҳам ҷудо карда, нишон медиҳанд, ки  миллат чиро аз сар гузаронд ва чиро интизор аст. 27 – уми июни соли 1997 барои халқи тоҷик маҳз ҳамин хел сана ҳисоб меёбад. Ҳуҷҷате, ки дар Маскав ба имзо расид, роҳи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро ба сўи фардо ҳамвор месозад.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳам тавъам мебошанд ва чун қутбнамо моро ба сӯи оянда ҳидоят менамоянд.  Агар ваҳдати миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат кунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт.

  Ба андешаи Сарвари давлат, роҳи ягонаи наҷоти миллат сулҳу ваҳдат мебошад ва ба ин маънӣ изҳор менамоянд: «Вале як нуктаро бояд тазаккур намоям: то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем ҳеҷ гуна кўмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад». Сарвари кишвар бо иродаи сулҳҷўёна ба гурўҳҳои силоҳбадаст муроҷиат менамояд: «Биёед, кинаю адоват ро ба як сў гузорем, ба гузашта салавот гуфта ҳамдигарро бародарвор ба оғўш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем». Даъвати нахустин  ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб садо дода буд

Санаи 12 декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намудаанд. Дар муроҷиатнома вазъияти ҷумҳурӣ ҳамчун «душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърих» тавсиф шудааст, ки сабабгори он қувваҳои муайян мебошанд. Сабаби ин фоҷиа мубориза баҳри мансабу ҳокимият будааст. Дар чунин шароити мураккаб барои барқарор намудани сулҳу амният Сарвари давлат дар назди Ҳукумат ва халқ иҷрои вазифаҳои зеринро мегузоранд: таъҷилан барқарор намудани фаъолияти идоракунии маҳаллӣ, сохтори мақомоти ҳифзи ҳукуқ, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини ҳаёти осудаи онҳо, барқарор намудани фаъолияти корхонаву муассисаҳо ва инкишофи муносибатҳои бозаргонӣ. Дар ин муроҷиатнома вазифаҳои дурнамои рушди Тоҷикистон низ дар ҷодаи ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ,таъсиси Артиши миллӣ, рушди муносибатҳои байналхалқӣ, ворид гаштани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян гардиданд. Дар охири муроҷиатнома, Сарвари кишвар бо азму иродаи қатъи изҳор карданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони мўҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани  азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бо- вар дорам»

Ба андешаи Сарвари давлат ба авзои ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ду омили ҷиддӣ таъсир мерасонанд. Омили аввал, ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки боиси харобии иқтисодиву талафоти маънавӣ гаштааст. Омили дуввум, сифатҳои комилан нав гирифтани авзои сиёсии мамлакат аст, ки омилҳои хориҷиро заиф гардонида, дар зуҳури арзишҳои воқеии маънавиёти халқи тоҷик ва дигар халқҳои сокини Тоҷикистон падидор гашт. Сарчашмаҳои бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ дар заминаи фаъолияти гурўҳҳои тахрибкор, ҷанги бардавоми шаҳрвандӣ маънидод мегардад. Сарвари давлат дар мавриди ташаккули андешаи миллӣ ақидаи пешқадамро баён мекунанд: «Аз бунбасти маънавию идеологӣ раҳоӣ ёфтан масъалаи мушкилтарини замони мост. Фикр мекунам, ки арзишҳои азалӣ, одату суннатҳои комилан халқии мо метавонанд такягоҳи боэътимоди мо бошанд».

Дар ба имзо расидани Созишномаи умумии  истиырори суль ва ризоияти миллї саҳми мамлакатҳои ба мо дўсту бародар аз он ҷумла: роҳбарияти Федератсияи Россия, мақомоти роҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои бародарии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Покистон, ки дар сарзаминашон барои гузаронидани давраҳои гуфушуниди байни тоҷикон холисона шароит муҳайё сохтанд, хеле калон мебошад. Ба ин маънӣ Мирзо Турсунзода фамудааст:

                            То тавони дўстонро гум макун,

                             Дўстони меҳрубонро гум макун.

Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар ҷаҳони муосир қиёс надорад.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон далели возеҳи ин матлаб мебошад, ки эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ афзуд. Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои дигар давлатҳо армуғон овардаанд.

Дар бораи ваҳдати миллии Тоҷикистон пешвоёни сиёсии ҷаҳон аз охири асри бистум ва оғози асри бистуякум баҳои баланд медиҳанд, ки ин дар ҳақиқат мақому манзалати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд мебардорад.Чунончӣ, Президенти Россия  Владимир Путин ҳанӯз соли 1999 зикр карда буд «Эмомалӣ Раҳмонов дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке азҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меорад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Ҳар он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».

Соли 2002 ректори донишгоҳи сулҳи СММ мартин Лиз гуфта буд. «Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабулкард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Раиси Парлумон ва сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеъиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии инконфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи    ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад».

Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ соли 2005 гуфта буданд. «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам ЭмомалӣРаҳмонов дар муттаҳидсозӣ ва якдигарфаҳмии ҷаҳони ислом бузургаст. Тайи чанд соли охир Ҷаноби Олӣ доимо дар чорабиниҳои Созмони Конфронси исломӣ ширкат варзида, суханронӣ мекунад. Ва имрӯз дар ҷараёни суханронии худ дар вохӯрии сарони кишварҳои узви ин созмон, ки дар назди деворҳои Каъбаи муқаддас баргузор мегардад, ӯ ҳамчун табиби бомаҳорат натанҳо тамоми дардҳои миллати исломро ташхис кард, балки роҳҳои табобати онҳоро нишон дод. Барои амалисозии орзуҳои Умма ҳар кадоми мо бояд суханони самимии мӯҳтарам Президенти Тоҷикистонро ҳамчун дастурамал қабул намоем».

  Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ - соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузорем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин созем.

           Шарифзода М.М.- ректори ДДҲБСТ, д.и.и., профессор

http://www.zoofirma.ru/