“ҲАФТАИ ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ИДОРАКУНИИ ДОНИШГОҲ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Давраи дуввуми  “Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии донишгоҳ”, ки аз 02.04.2019 то 09.04.2019 дар сохтору шуъбаҳои раёсати донишгоҳ ҷараён дошт, бо баргузории мулоқот бо ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 90 нафар донишҷӯёни давраи аввали ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён дар сатҳи факултетҳо 30 нафарашон бо назардошти малакаю маҳорати корбарӣ ба давараи дуюм роҳхат гирифтанд. Ин донишҷўён  ба ҳайси роҳбар дар идоракунии сохторҳои донишгоҳ фаъолияти маҷсадноку босамар бурда, чорабиниҳои мухталиф ва  мулоқоту вохӯриҳо ташкилу баргузор намуданд.

Иштирокчиёни чорабинии мазкур аз рӯи ӯҳдадориҳои вазифавӣ доир ба фаъолияташон давоми як ҳафта  ба сарвари донишгоҳ ҳисобот доданд.

Аз ҷумла, давоми ҳафта донишҷӯён мустаҷилона дар мавзӯҳои “Ободии деҳот-омили рушди кишвар”, «Биёед китоб хонем!» , «Наҷши китобхона дар раванди тарбияи насли ҷавон» «Фурӯғи субҳи доноӣ...» маҳфилҳои илмиву мизҳои мудаввар,  бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад  доир ба пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғону  ҷавонон  ва шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро  мулоқоту вохӯриҳо доир карданд. Ба ҳайси иҷрокунандагони вазифаҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ тариҷи пурсишнома дараҷаи донишҳои тахассусӣ, сиёсӣ ва фаъолияти илмии донишҷўёнро санҷида, баҳогузорӣ намуданд.  Ин ва чанд гузориши дигар аз фаъолияти иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ буд, ки тариҷи навору аксҳо ва презентатсияҳо    донишҷўён  ҳисобот доданд.

Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорату малакаи корбарии донишҷӯён дар самти иҷрои вазифаҳои масъул, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба низоми идоракунӣ роҳандозӣ мешавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/70-khabartarbiya/3086-aftai-ishtiroki-donish-jon-dar-idorakunii-donishgo-am-bast-gardid.html#sigProGalleria9194ed2e98
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/