МУБОРИЗА БО ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

“Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, роҳҳои пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро” таҳти ин унвон дар доираи баргузории “Ҳафтаи идоракунии донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён”санаи 09 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.  Дар  мулоқот намояндагон аз ШВКД ҶТ дар шаҳри Хучанд иштирок ва сухан карданд.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки дар  шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро, имрўз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Чорабинии мазкур дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба эктремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 баргузор шуда, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва гурўҳҳои экстремистию террористӣ, бахусус, муқовимат дар самти фошсозии моҳияти иртиҷоии гурўҳҳои ҷудоихоҳ ташкилу баргузор гардид.

Баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, он имконият медиҳад, ки донишҷӯён аз вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ гардида, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва барои мубориза бо падидаҳои номатлуби асри навин дар ҳолати омодабош қарор гирифта, онро маҳкум созанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/70-khabartarbiya/3070-muboriza-bo-padida-oi-nomatlub.html#sigProGalleriaa72724466b
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/