ОЗМУНИ “ЧАКОМАИ ГЕСӮ” ДАР ДОНИШГОҲ

Бо мақсади тақвияти муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросими анъанавии арӯсбарон, мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дароз 30 нафар гулдухтарон аз факултетҳо ва литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар даври донишгоҳии  фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» маҳорати парвариши намунаи зебоии бонувонро бо завқи хоса намоиш доданд. Фестивал-озмуни мазкур бо ташабуси бахши занон ва ҳунарҳои мардумии донишгоҳ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ”  бахшида ба «Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳї ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади дарёфти занону духтарони гесӯдароз ва тарғиби либоси миллӣ, ҳамчунин арҷгузорӣ ба расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми куҳанбунёду сарбаланди тоҷик гузаронида мешавад. Дар ҷараёни Фестивали озмуни «Чакомаи гесӯ», иштирокчиён бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ кўшиш ба харҷ доданд, ки чор фасли соли табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро пешкаши бинанда созанд.

     Иштирокчиёни фестивал-озмун дар 7 даста сару либосҳои миллӣ ва гесувон тарзи ороиши худро намоиш доданд, ки он аз ҷониби ҳайъати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар ниҳоят бо назардошти  шартҳои озмун ҳайъати ҳакамон ба дастаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ  ҷойи аввал, мақоми дуввум ба факултети баҳисобгирӣ ва андоз ва ҷойи сеюмро  ба дастаи  донишҷӯдухтарони факултети ҳуқуқшиносӣ доданд. Ба ғолибони фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд. Тибқи низомнома ғолибони озмун минбаъд метавонанд дар давраи вилоятии Фестивал – озмуни  «Чакомаи гесӯ » иштирок намоянд.          

                                                                              Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/70-khabartarbiya/2751-ozmuni-chakomai-ges-dar-donishgo.html#sigProGalleriafd88c3b969
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/