МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ КАРД

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр кардани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», иҷроиши Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ ва ҷиҳати дарёфти ҷойҳои корӣ ба хатмкунандагон дар донишгоҳ тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар ин замина  Маркази рушди касбият бобати баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисони замони нав, ба система даровардани шуғли мутахассисони ҷавон, рушди касбияти донишҷуён, хатмкунандагон, инчунин омода намудани ҳар яки онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ аз рўи ихтисос ва равияи интихобкардаашон кушиш ба харҷ медиҳад.

Ташкили мулоқоти донишҷуёни факултети бизнес ва идоракунӣ бо мутахассисони варзидаи Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд ва Минтақаи озоди иқтисодӣ барои расидан ба ҳадафҳои болоӣ мусоидат менамояд. Дар мулоқот мудирони шуъбаи муносибатҳои молиявии қарзии Раёсати иқтисод ва савдои вилоят, шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд иштирок намуда, оид ба самтҳои асосии Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо, таҳлили соҳаҳои иқтисодиёт, мониторинги барномаҳо дастовардҳҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят сухан карданд. Мирзоён Мирзоманнон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти муассиса, робитаи ташкилот  бо донишгоҳ, шартномаи хамкорӣ сухан карда, иброз дошт, ки хатмкардаи донишгоҳи ДДҲБСТ мебошад ва ифтихор дорад, ки хамчун мутахассиси варзида дар мулоқот бо донишҷуён иштирок дорад. Дар анҷом декани факултет мулоқотро ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ бо ташкилотҳои мазкур ҳамкориро мустаҳкам ба роҳ хоҳад монд.

                                                                             Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/70-khabartarbiya/2558-markazi-rushdi-kasbiyat-ba-fa-oliyat-shuru-kard.html#sigProGalleriaab26180159
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/