НАМОИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани мизи гирду конфронсҳо ва чорабиниҳои мухталиф дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо маром ҷараён дорад. Дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва молияи донишгоҳ бо ташаббуси китобхонаи илмии донишгоҳ доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ намоиши китобӣ ва муаррифии асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар намоиш кормандони китобхона муҳтаво ва мавзӯъҳои асару китобҳои Пешвои миллатро ба донишҷӯён фаҳмонида, аз ҳар яки онҳо даъват ба амал оварданд, ки асарҳои Сарвари давлатро омӯзанд. Зеро асарҳои Президенти мамлакат  фарогири мавзӯҳои худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан мебошад.

Ҳамчунин, дирӯз дар факултетҳои бизнес ва идоракунӣ ва инноватсия ва телекоммуникатсияи донишгоҳ намоиши китобӣ таҳти унвони “Президенти зиёгустар ва маърифатпарвар” баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Имрӯз дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ шиносоӣ бо осори илмӣ-адабии Президенти мамлакат, муаррифии асари “Чеҳраҳои мондагор баргузор шуд. Китобдори китобхонаи донишгоҳ Умарова М. асари Пешвои миллатро муаррифӣ карда, аз иштирокчиён хост то ин асари арзишманди Сарвари давлатро мутолиа намоянд. Зеро “Чеҳраҳои мондагор” дар бораи нафароне иншо гардидааст, ки ҳаёти худро барои рушди давлату миллат, эҳёи арзишҳои милливу маданӣ, ҳимояи таъриху фарҳанг ва забони давлатӣ бахшидаанд.

Дар назар аст, ки дар факултетҳои дигари донишгоҳ низ асарҳои дигари Пешвои миллат аз қабили “Забони миллат-ҳастии миллат” мавриди намоиш қарор дода шавад.

                                                           Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/70-khabartarbiya/2538-namoishi-asar-oi-peshvoi-millat.html#sigProGalleriac26fcedbdf
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/