Бемории СПИД ва паёмадҳои бади он

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ҳамасола санаи 1-уми декабр бо мақсади баланд намудани сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон дар бораи эпидемияи глобалӣ, дастгирии дар пешгирии ВНМО ва нигоҳубини бемороне, ки ба ВИЧ гирифтор шудаанд, гузаронида мешавад.

Ба муносибати ин сана бо ташаббуси бахши ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар кафедраву факултетҳо аксияву маҳфилҳои тарбиявӣ гузаронида шуданд. Дар аксия ба донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ варақаҳои иттилоотӣ, ки аз паёмади бади ин беморӣ ва роҳҳои пешгириву табобатии он маълумот медиҳад, супорида шуд.

Ҳамзамон таҳти унвони “СПИД-бемории сироятшаванда” маҳфили тарбиявӣ дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсия баргузор гардид. Дар маҳфилу аксияҳо гуфта шуд, ки паҳн шудани ВИЧ мушкили ҷиддии соҳаи тандурустии бисёри кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гардидааст.

Ҳадафи асосии баргузор намудани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати донишҷӯён нисбати ин  муаммои глобалӣ, нишон додани ҳамрайъии аҳли башар дар мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД мебошад.                                                          

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/70-khabartarbiya/2183-bemorii-spid-va-pajomad-oi-badi-on.html#sigProGalleria053eda98a7
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/