ИХТИРОЪКОРӢ ТАЛАБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Санаи 12-уми марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон конференсияи ҷавонон, бизнес парк «Gulistan 2019» дар мавзӯи: «Стартап-инноватсияҳо, технологияҳо, самтҳои муосир дар бизнес» аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «МИР – Маркази Имконият баҳри Рушд» баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур якҷанд ташкилотҳои байналхалқӣ, бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорон ширкат варзиданд.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш устодону донишҷӯёни факултети инноватсия ва телекомуникатсия муаррифӣ намуданд. Дар конфронси мазкур сармуаллим Маҳмудов А., дар мавзӯи «Муаммо ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба навоварӣ ва ихтирокорӣ» баромад намуда, соҳиби сертификат гашт.

Дар рафти  ҳамоиш аз тарафи ташкилоти мазкур  ва устодону донишҷӯён лавҳа бо дастовардҳои донишгоҳ ташкил карда шуд. Аз намоишномаи мазкур ҷавони ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд дар бораи донишгоҳ ва барномаҳои омӯзишии таълифнамудаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/69-khabar-ilm/2961-ikhtiro-kor-talabi-zamoni-muosir.html#sigProGalleriaf2147e80f8
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/