МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН ДАР ДДҲБСТ

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Ба муносибати ҷашни солгарди таъсисёбии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи ҳуқуқи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии ҳуқуқшиносони ҷавон дар мавзӯи “Прокуратура кафили таъмини волоияти қонун” баргузор гардид. Дар оғози маҳфил гуфта шуд, ки  мақомоти прокуратура тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар кишвар таъмин намуда, ҳамзамон ба ҳифзи сулҳу субот ва амният, таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо дорад.

Дар маҳфили илмӣ-адабии ҳуқуқшиносони ҷавон донишҷӯён ба дастаҳои алоҳида ҷудо гардида, дар бахшҳои маҳфил байни ҳам рақобат ва  дониши худро санҷиданд.

Ҳадафи баргузории маҳфил хотирнишон кардани нақш ва мақоми прокуратура дар таъмини осоиштагӣ ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ арзёбӣ карда шуд. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/69-khabar-ilm/2954-ma-fili-ilm-amalii-u-u-shinosoni-avon-dar-dd-bst.html#sigProGalleriafe886d90f9
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/