САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ САНОАТ РУШДИ БОСУБОТИ СОҲАИ ИСТЕҲСОЛОТ

Саноатикунонӣ ва рушди иқтисоди миллӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, соҳаи мазкур дар мамлакат дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо назардошти аҳамияти рушди соҳа Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон  низ ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳатто ҳадафи чоруми давлатро саноатикунонии мамлакат номидаанд. Бо мақсади  амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар донишгоҳ  чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ мешаванд.

Дар доираи ҳафтаи  кафедраи менеҷмент, таҳти унвони “Самаранокии идоракунии соҳаи саноат рушди босуботи соҳаи истеҳсолот”   бо иштироки намояндагони бонкҳои маҳаллӣ дар мавзӯи “Мавқеи менеҷменти молиявӣ дар замони муосир” вохӯрӣ баргузор гардид.  Ҳамчунин,  дар доираи чорабиниҳо бахшида ба соли ”Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” байни донишҷӯён иншои беҳтарин гузаронида шуд. 

Дар назар аст, ки давоми ҳафта дар заминаи ҳафтаи кафедраи менеҷмент чорабиниҳо аз қабили: гузаронидани  маҳфили “Менеҷер”, дарси кушоди таълимӣ дар мавзӯи “Мавқеи соҳаи кишоварзӣ дар амалигардонии паст намудани сатҳи камбизоатӣ”, озмун дар мавзӯи “Ихтисоси ман беҳтарин” ва баргузории семинарҳои илмиву методӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони МИҲД дар назар аст.

Аз ҷараёни баргузории чорабиниҳо дар доираи ҳафтаи кафедраи менеҷмент маълумоти бештар хоҳем дод.

Шуъбаи таҳлил ва робита ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/68-khabar-ta-lim/2955-samaranokii-idorakunii-so-ai-sanoat-rushdi-bosuboti-so-ai-iste-solot.html#sigProGalleria80109e86b0
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/