ҶАЛАСАҲОИ ВАСЕИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТҲО

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ва намояндагони раёсати донишгоҳ ҷаласаҳои васеи навбатии Шӯрои олимони факултетҳо  баргузор гардиданд. Дар ҷаласаҳо масъалаҳои омӯзиш ва татбиқи амалии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи иҷрои  нақша-чорабиниҳои факултетҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷамъбасти фаъолияти таълимиву методӣ, илмиву тадқиқотӣ ва тарбиявию сиёсии факултетҳо дар нимсолаи аввали соли хониши 2018-2019, нақшаи минбаъдаи фаъолияти факултетҳо дар нимсолаи дуввуми соли 2018-2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Дар ҷараёни ҷаласаҳои васеи навбатии Шӯрои олимони факултетҳо гуфта шуд, ки  ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки Ҳукумати  мамлакат  пешбинӣ менамояд, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани  раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози меҳан, таъмини пешрафти илм,  татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмӣ– иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат тадбирҳои судманд андешида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон кўшишу ғайрат менамоянд.

Дар иртибот ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат нисбати соҳаи маориф, таваҷҷўҳу дастгирии ҳамешагии Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли сипаригардидаи 2018 бо дастоварду комёбиҳои назаррас дар таърихи донишгоҳ сабт мегардад. Садорати факултетҳо аз дастоварди донишҷўёнашон маълумот доданд Аз ҷумла зикр карданд, ки дар Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори чойи якум гардидани донишҷўи боргоҳи маърифатамон Қаҳҳоров Умед, дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Ҷойи ифтихорӣ шудани донишҷӯ Аджихалилова Заррина, дар озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ- соли 2018” ғолибият ба даст овардани донишҷӯ Қодирзода Оростамоҳ, дар озмуни «Донишҷўи сол-2018»  байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар сазовори ҷойи дуюм гардидани донишҷў Нозила Каримова, дар озмуни «Донишҷўи сол-2018» байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал гардидани донишҷӯ Муҳиба Ҷабборова, дар озмуни Ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин “Тоҷикистон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сазовори мақоми аввал гардидани донишҷӯ Ҷўраев Худойшукур, дар озмуни байналмилалии  “Кори илмии беҳтарин”, Ҷамъияти илмии “Мир науки” сазовори Ҷойи якум гардидани донишҷў Муҳиба  Ҷабборова,  дар Чемпионати Ҷаҳон қувваозмоии    варзишгарони донишгоҳ Фаридун Қурбонов, Маҳмадрашид Рабиев, Фирдавс Ахмедҷонов, Ҷонибек Қодиров  ва ба ифтихорашон парфишон шудани Парчами Тоҷикистон дастовардҳое буданд, ки маҳз дар соли 2018 ба даст омадаанд.

 Зимни баргузории ҷаласаҳои васеи навбатии Шӯрои олимони факултетҳо дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, барои ислоҳи саривақтӣ масъулини кафедраву факултетҳои алоҳида аз ҷониби муовинони ректор вазифадор шуданд. Қайд гардид, ки зарур аст ҳар яки мо барои боз ҳам ба дастовардҳои илмиву методӣ ва тадқиқотиву варзишӣ комёб гардидан аз ҳарвақта дида бештар кушишу заҳмат кашем ва дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми кишвар фаъолиятамонро ҷоннок ба роҳ монем.

                                                                                    Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/68-khabar-ta-lim/2776-jjalasa.html#sigProGalleria7cb3336ac5
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/