ДАРС – МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАЪЛИМ

Таҳти  унвони «Дарс – муҳимтарин рукни таълим» дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари таълимию методӣ бо роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои таълим дотсент Ғаюров Ҳ.Ш. сардори раёсати таълим дотсент Тоҷзод Д.Ҳ. ва кормандони бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот бо иштироки тамоми устодони кафедраҳо ташкилу баргузор гардиданд. Дар ҷараёни гузаронидани семинари таълимӣ – методӣ оид ба тарзи гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, лабараторӣ ва КМРО  масъулини раёсати таълим ва устодони соҳибтаҷриба дар мавзӯҳои алоҳида баромад намуданд. Аз ҷумла, доир ба гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, ва амали дотсент Азимова Н. оид ба баргузории машғулиятҳои семинарӣ, дотсент Санавваров Ғ, ва оид ба гузаронидани машғулиятҳои  КМРО, дотсент Каримов Р. ва ҳамчунин вобаста ба баргузории машғулиятҳои лабараторӣ сармуаллима Қосимова Д. изҳори назар карданд.

Машғулиятҳои мазкур дар ҳамаи факултетҳо баргузор гардида, ҳадафаш боз ҳам беҳтар намудани сатҳи дарсгузарӣ, омӯзиши метод ва истифодаи усулҳои нави таълим дар дар раванди машғулиятҳо ва ба ин васила омода намудани муттахассисони рақобатпазири бозори меҳнат арзёбӣ карда шуд. Раёсати донишгоҳ ин қабил машғулиятҳоро ба таври ҳамешагӣ ба роҳ мондааст, то  ки муҳимтарин рукни таълим – дарси мосир дар сатҳи зарурӣ гузаронида шавад.                                                                

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/68-khabar-ta-lim/2741-dars-mu-imtarin-rukni-ta-lim.html#sigProGalleriaa8127b0630
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/