ТАЛОШ БА ХОТИРИ МУВАФФАҚИЯТ

Донишгоҳ бо 65 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногун дорад. Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ  табодули донишҷӯён бо донишгоҳҳои ҳамкор мунтазам ба роҳ монда мешавад.  Аз ҷумла, табодули донишҷўён ба  Донишгоҳи НАРХОЗ (Қазоқистон) бо таври анъана ҳар семестр ба роҳ монда мешавад.

Шаҳром Фатҳуллоев донишҷӯи соли дуввуми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ва дар доираи барномаи табодули донишҷўён таҳсилашро дар нимсолаи аввали соли хониши 2018 дар донишгоҳи НАРХОЗ-и Қазоқистон идома дод. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки  дар ин давра Шаҳром Фатҳуллоев дар баробари омӯзиш дар мусобиқаҳои байнидонишгоҳӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ комёб гардид. Дар мусобиқаҳои варзишие, ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии Қазоқистон доир гардиданд, Шаҳром Фатҳуллоев аз рӯи намуди варзиши дастхобонӣ ва волейбол сазовори ҷойи аввал гардида, дар намуди гуштини тарзи озод ба гирифтани мақоми дуввум шарафёб шуд. Барои ғолибият дар мусобиқаҳои сатҳи баланд ўро бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудаанд.

Зимни суҳбат бо мо ин донишҷӯи фаъол зикр кард, ки дар ин муддати таҳсил дар Донишгоҳи “НАРХОЗ” дар баробари комёбиву муваффақиятҳои варзишӣ ба комёбиҳои илмӣ низ дастёб гардид. Ба хотири дониши хубу аъло ва интизоми намунавиву фаъолияти назаррасаш соҳиби сертификатҳо гардидааст. Шаҳром Фатҳуллоев ба ҳамсабақону донишҷӯён тавсия медиҳад, ки бо мақсади табодули таҷриба аз кишварҳои хориҷӣ пайваста омӯзанд, сатҳи забондонии хешро боло бардоранд ва ба варзиш машғул гарданд. Давоми таҳсил тариқи табодул аз таҷрибаи донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ баҳравар гашта, дар пешрафту шукуфоии давлату миллати хеш саҳмгузор бошанд.

                                                                         Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/68-khabar-ta-lim/2560-talosh-ba-khotiri-muvaffa-iyat.html#sigProGalleria90f7499262
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/