ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН”

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Мақолаи беҳтарин” эълон гардида буд. Озмун таҳти унвони “Тоҷикистон – минтақаи ҷолиби сайёҳӣ” гузаронида шуда, дар он донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаъолона иштирок намуданд.

Боиси хушнудист, ки донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Каримбердӣ Каримов барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва сазовор шудан ба ҷои дуюм дар Озмуни вилоятии “Мақолаи беҳтарин” дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо Дипломи дараҷҷаи II ва мукофоти пулӣ аз ҷониби раиси вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.

Озмуни “Мақолаи беҳтарин” таҳти унвони “Тоҷикистон –минтақаи ҷолиби сайёҳӣ” бо мақсади инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, вусъат ва омода намудани маводи иттилоотӣ ҷиҳати тарғиби инфрасохтори сайёҳӣ ва инчунин  дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” гузаронида шуд. Ташкилу баргузор намудани ин қабил озмунҳо барои муаррифии бештари минтақаҳои сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи ин соҳаи дорои аҳамияти бузург заминаи мусоид фароҳам орад.

Донишҷӯёни дигарро лозим аст дар пайравӣ ба ғолибони озмунҳои мухталиф ҳарчи бештару беҳтар ба аз худ намудани илмҳои муосир таваҷҷӯҳ карда, дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ нуфузи боргоҳи маърифатамонро баланд бардоранд.

                                                                       Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/