НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2018

Имрўз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.12.2018 ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 8.01.2019, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 нишасти матбуотии ректори донишгоҳ бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти соли 2018 баргузор гардид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода чорабиниро ифтитоҳ бахшид.

Сипас,  ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли донишгоҳ дар соли 2018   муфассал гузориш дод.     Аз ҷумла, изҳор дошт, ки дар иртибот ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат нисбати соҳаи маориф, таваҷҷўҳу дастгирии ҳамешагии Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли сипаригардидаи 2018 бо нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои назаррас дар таърихи донишгоҳ сабт мегардад.  Зеро, натиҷаи босамари ташкили  рўзи “Дарҳои кушод” (10.03.2018) ва озмуни ҷумҳуриявии “Хатмкунандагони болаёқат” боиси он гардид, ки 1941 нафар довталабон ба донишгоҳ қабул гардида,   иҷрои нақшаи қабули донишгоҳ 87,2 фоизро ташкил дод ва аз ин 103 нафар аз давлатҳои хориҷаи дуру наздик мебошанд. Ҳҳайати кадрии унвони илмидошта  45,6% -ро ташкил дода, нисбати соли гузашта 10% зиёд гардид. Аз 1509 нафар хатмкардагон 50 нафарашон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки  нисбати соли гузашта 18% зиёд шуд.

Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳои сессияи тобистонаи нимсолаи дуюми соли хониши 2017-2018 сатҳи донишазхудкунӣ дар донишгоҳ ба 86% баробар буда, сатҳу сифати таълим (баҳои “4” ва “5”) 62,2%-ро ташкил дод. Сатҳи донишазхудкунӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба 89% баробар буда, сатҳу сифати таълим (баҳои “4” ва “5”) ба 64% расид. 

Аз ҳисоби омўзгорони ҷавон дифоъи 9 рисолаҳои илмӣ, чопи 3 китоби дарсӣ, таълифи 15 монография, 14 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои илмии хориҷӣ ва  650 адад мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои илмии ватанӣ, ҷиҳати татбиқи технологияҳои муосир барои интишори дастовардҳо ва хабарҳои тозатарин ташкили экрани сенсорӣ, аз рўи натиҷаҳои ихтирооту навоварӣ аз ҷониби Маркази патенту иттилоот соҳиби шаҳодатномаҳо гардидани 15 нафар устодону донишҷўён аз фаъолияти самараноки илмӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори чойи якум гардидани донишҷўи боргоҳи маърифатамон Қаҳҳоров Умед, дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи ифтихорӣ шудани донишҷӯ Аджихалилова Заррина, дар озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ- соли 2018” ғолибият ба даст овардани донишҷӯ Қодирзода Оростамоҳ, дар озмуни «Донишҷўи сол-2018»  байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар сазовори ҷойи дуюм гардидани донишҷў Нозила Каримова, дар озмуни «Донишҷўи сол-2018» байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал гардидани донишҷӯ Муҳиба Ҷабборова, дар озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин “Тоҷикистон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сазовори мақоми аввал гардидани донишҷӯ Ҷўраев Худойшукур, дар озмуни байналмилалии  “Кори илмии беҳтарин”, ҷамъияти илмии “Мир науки” сазовори ҷойи якум гардидани донишҷў Муҳиба  Ҷабборова,  дар Чемпионати ҷаҳон қувваозмоии           варзишгарони донишгоҳ Фаридун Қурбонов, Маҳмадрашид Рабиев, Фирдавс Ахмедҷонов, Ҷонибек Қодиров  ва ба ифтихорашон парфишон шудани Парчами Тоҷикистон дастовардҳои донишҷўёни донишгоҳ буданд, ки маҳз дар соли 2018 ба даст омадаанд.

Ҳамкориҳои  байналмилалӣ густариш ёфта, дар доираи 65 созишномаи байни донишгоҳу муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Марказҳои илмии ба имзорасида, мунтазам табодули донишҷўён, такмили  ихтисоси омўзгорон ва иштироки онҳо дар ҳамоишҳои илмии кишварҳои хориҷӣ таъмин гардид. 

Азнавсозӣ шудани даромадгоҳи бинои асосӣ, кабудизор шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ, ба итмом расонидани сохтмони  толори варзишӣ ва нуқтаи тиббию санитарӣ далели омодагии аҳли донишгоҳ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб меёбанд. – зикр дошт М.Шарифзода.

Ҳамзамон, доир ба нақшаҳои минбаъда, ки бо мақсади  густариши беш аз пеши фаъолияти донишгоҳ корбаст шудаанд,  сухан рафт.

Дар хотимаи нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма  ба саволҳои додаи хеш аз ҷониби ректори донишгоҳ ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/2780-nishasti-matbuot-oid-ba-nati-a-oi-am-basti-soli-2018.html#sigProGalleria10a4f53fca
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/