Ғолибон қадрдонӣ шуданд

Дастгириву ҳавасмандгардонӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи

қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ҳиссагузор ҳастанд.

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Низомномаи таъин ва пардохти Стипендияи раёсати ДДҲБСТ» барои донишҷўёни фаъолу лаёқатманд Стипендияи раёсати донишгоҳ ҷорӣ гардида буд.

Бегоҳии санаи  4-уми декабри соли равон дар вазъияти тантанавӣ ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода ба 26 нафар ғолиби озмуни гирандагони Стипендияи Раёсати донишгоҳ, ки бори аввал ҷорӣ гардид, шаҳодатномаву стипендия тақдим намуд. Ректори донишгоҳ  Шарифзода М.М. зимни сӯҳбат, саҳми фаъолдонишҷӯёнро дар баланд гардидани нуфузу мавқеъ ва обрӯи донишгоҳ назаррас арзёби карда, афзуд то сафи ғолибон дар ҳамагуна озмуну мусобиқаҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд бештар гардад ва онҳо ҳатман аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Сарвари донишгоҳ донишҷӯёнро ба омӯзиши ҷиддии забонҳои хориҷӣ даъват кард, донистани забон ва техналогияву илмҳои муосирро талаботи замон маънидод кард.

Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯёне, ки дар озмуну мусобиқаҳои донишгоҳиву вилоятӣ ва чумҳуриявиву байналхалқӣ иштироки фаъолона намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва медалу ифтихорномаҳо гардидаанд, бо сипосномаву  ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни мо сазовори ҷои аввал дар озмуни  вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018”, ғолиби мусобиқаҳои вилоятӣ аз рӯи намуди гуштини милливу ҷудо гардида, дар даври ҷумҳуриявии он ба гирифтани медалҳо сазовор шуданд. Ҳамчунин ду тан донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди гуштини камарбандӣ соҳиби медали тилло гардиданд. Дар намуди муҳорибаҳои ҷанги дастӣ низ дар мусобиқаи байналхалқӣ донишҷӯёни донишгоҳ ба ғолибият ноил шуданд.

   Донишҷӯён низ дар навбати худ барои таваҷҷӯҳу дастгирии раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд минбаъд низ барои ба дастовардҳои илмиву варзишӣ ноил гардидан, кӯшиши зиёд хоҳанд кард. Чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшид.

                                                               Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/2219-olibon-adrdon-shudand.html#sigProGalleria7ee2cfb590
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/