МУКОФОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРАК!

Олими шинохта, таҳқиқотчии назариёти физика Ғаюров Ҳаким Шарифович  солҳои охир таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Ерохин Николай Сергеевич – мудири лабораторияи физикаи плазмаи назариявӣ ва эксперименталии Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии кайҳонии назди

Академияи илмҳои Федератсияи Русия бо тадқиқоти илмии бунёдӣ дар риштаи физикаи назариявӣ, муаммои “Резонансҳои туннелиронии мавҷҳои электромагнитӣ дар муҳити ғайриякҷинса” дар мисоли муҳити ионосфера машғул аст. Таҳқиқоти илмӣ дар самти мазкур боиси ба даст овардани навгониҳои илмӣ гардид ва натиҷаҳои бадастоварда дар якчанд маҷалаҳои илмии бонуфузи мамолики хориҷӣ дар мисоли маҷалаи Scientific journal "European journal of natural history",(Франгфурд, Олмон), “Международный журнал прикладных и фундаментальных исследованный”, (РАЕ, Москва) ва ғайраҳо ба чоп расидаанд. Қобили зикр аст, ки натиҷаи ба дастомадаи тадқиқоти илмии Ҳ.Ғаюров ва таҳқиқоти минбаъда ба  таҳкими назарияи илмҳои физика-математика заминаи воқеӣ мегузорад.

Пажўҳишоти олими шинохтаро дар соҳаи илмҳои дақиқ ва хосатан илмҳои бунёдӣ ба назар гирифта, Консориуми Европоии тадқиқотҳои илмӣ ва индустриалӣ дар ҳамоҳангии экспертҳои Донишгоҳи Кемберҷи Лондон ва Академияи илмҳои табатшиносии Федератсияи Русия бо мукофоти байналмилалӣ, медали "European scientific and industrial consortium" ба номи Исаак Ньютон сарфароз гардонидааст. Олими бунёдкорро бо чунин мукофот аз номи раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳайати профессорию омўзгории донишгоҳ табрик намуда, барои расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтари илмӣ муваффақиятҳо мехоҳем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1672-mukofoti-bajnalmilal-muborak.html#sigProGalleriad7d9f7b3fc
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/