ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РЎЗИ ОМЎЗГОРОН

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рўзи омўзгорон бо иштироки ҳайати устодону профессорон ва кормандон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро ректори донишгоҳ Мумин Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро бо иди касбиашон  табрик намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рисолати омӯзгор - афрӯзандаи чароғи илму ирфон баҳои  баланд дода, таъкид медоранд, ки  омўзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст  насли ҷавонро дар рўҳияи ватандўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад. Ин баҳои баланди Пешвои миллат ба фаъолияти вусъатбори Шумо – устодону кормандони  донишгоҳ низ иртиботи қавӣ дорад. Таҷлили Рӯзи омӯзгорон худ нишони садоқат ва арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое, ки дар ҷомеаи инсонӣ ҳамчун равшангару сайқалдиҳандаи қалбу ҷонҳо, қулфкушои махзани илм, раҳнамои фатҳи қуллаҳои пурсаодати зиндагии башарият шинохта шудаанд.

Дар қисми дувуми ҷаласаи тантавӣ як зумра устодон барои фаъолияти пурсамари илмӣ, таълимӣ, саҳми арзанда дар тарбияи ҷавонон бо Сипоснома ва тўҳфахои хотиравӣ, чандин нафар барои пешбурди корҳои ободонию кабудизоркунӣ, парваридани завки баланди зебоипарастӣ дар ниҳоди ҷавонон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Барномаи адабию фарҳангии пешниҳодкардаи дастаҳои эҷодии донишгоҳ ва хонандагони Литсейи назди донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни дучанд зам намуд.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1671-alasai-tantanav-ba-iftikhori-r-zi-om-zgoron.html#sigProGalleria6794ab1f6f
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/