Омўзгор – равшангари роҳи зиндагӣ

Омўзгор равшангари дилҳо, ҳидоятгари роҳи рост ва омўзгорӣ касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, ба камол расонидани насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳу  ҷомеасоз хизмат менамояд.

Бо назардошти рисолати таърихии омўзгор Сарвари маорифпарвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо маорифро соҳаи афзалиятнок шуморида, қадру эътибори муаллимро боло бардоштаанд, ки ин баҳои олӣ ба заҳмати муаллим аст.  Ва ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари биҳиштосоямон Рўзи омўзгорон ботантана таҷлил мегардад.

Дар факултетҳои донишгох ба ифтихори иди касбии омўзгорон чорабиниҳои бошукўҳ доир гардиданд. Аз ҷумла, дар факутетҳои молия, инноватсия ва телекоммуникатсия, бизнес ва идоракунӣ чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ, дар кафедраи сиёсатшиносӣ таҳти унвони «Омўзгор – равшангари дилҳо», дар кафедраи менеҷмент дар мавзўи «Ҳаққи устод аз падар беш аст» дарсҳои кушоди тарбиявӣ баргузор шуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур доир ба нақши муаллим дар раванди таълиму тарбия, симои аслии ў сухан рафтаа, донишҷўён дар ситоиши омўзгор шеърҳо қироат намуданд. Ҳадафи баргузории чорабиниҳо арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни раҳнамои маънавии инсоният – муаллим  мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1662-om-zgor-ravshangari-ro-i-zindag.html#sigProGalleria403a8c563f
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/