Давраи донишҷўӣ - айёми тиллоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдонро ба роҳи рост  рисолати  асосии муаллим ҳисобида, таъкид доштанд,

ки ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.  Ҷиҳати татбиқи амалии таъкидҳои Сарвари давлат, бо мақсади шиносоӣ бо донишҷӯёни курсҳои якум, омўзонидани тартиботи дохилӣ, одоби муошират, тарғиби омўзиши ҷуқури фанҳои таълимӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои сатҳи мухталиф дар қатори дигар факултетҳо дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия) Рўзи донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниҳои баргузоршуда ба ифтихори Рўзи донишҷў ҷавононро ба ташаббускориву  амалҳои созанда ҳидоят  менамоянд.  Дар рафти чорабиниҳо аз ҷониби масъулини шуъбаи тарбия ва садорати факултетҳо ба донишҷўён риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, эҳтироми якдигар,  муаррифи дастовардҳои илмиву эҷодии донишҷўён,  ҳифзи арзишҳои миллӣ,  муборизаи беамон ба  муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз даст надодани зиракии сиёсӣ таъкид карда шуд. 

Барномаҳои рангини фарҳангии пешниҳоднамудаи донишҷӯён хотири иштирокчиёнро болида гардонд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/tj/news/1661-davrai-donish-ajjomi-tillo.html#sigProGalleria6de114c993
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/